ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

ҚАРИБ 2 ТОННА ГӮШТРО 33-СОМОНӢ ХАРИДУ… БОЗДОШТИ ЯК ҚАССОБ АЗ ҲИСОР БАРОИ ФИРЕБ ДОДАНИ 4 СОКИНИ БАДАХШОН (АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 29 январи соли 2023 аз боздошти Акбаршо Ҳакимов, як қассоби 26-сола аз Ҳисор хабар дод, ки бо роҳи фиреб ба боварии сокинони ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон даромада, аз онҳо дар 4 ҳолат қариб ду тонна гӯштро бо нархи ҳамагӣ 33 сомонӣ барои ҳар килояш, яъне бо нархи ду маротиба арзонтар аз нархи бозорҳои дигар минтақаҳои Тоҷикистон, харида, дар ниҳоят соҳибони чорворо фиреб додааст ва ҳатто ҳамин нархи арзонро ҳам ба онҳо пардохт накардааст.

Бино ба иттилои милитсия, кормандони мақомоти милитсияи Бадахшон зимни баррасӣ ва омӯзиши аризаҳои шикоятии шаҳрвандон бо бурдани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҳакимов Акбаршо Баҳриддинович, соли таваллудаш 1997, зодаи ҷамоати Дурбати шаҳри Ҳисорро дастгир намуданд. Акбаршо Ҳакимов худро ҳамчун тоҷири молу чорво муаррифӣ намуда, бо истифода аз боварӣ ва эътимоди сокинони ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон дар якчанд маврид даст ба ҷинояти қаллобӣ зада, молу чорво ва гӯшти онро тасарруф намуда, пули онҳоро надодааст.

Чунончӣ, боздоштшуда санаи 15 декабри соли 2022 ба боварии шаҳрванд Дороншоев Аҳлиддин Саидасанович, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Шитами ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон даромада, аз вай 217 кг гӯшти чорво харида ва ваъда додааст, ки дар давоми 10 рӯз пулашро медиҳад, вале то ҳол барнагардонидааст.

Ё ин ки давоми моҳи декабри соли 2022 ба боварии шаҳрванд Муқбилшоев Шодмон Акобиршоевич, сокини ҳамин ҷамоат даромада, аз вай 2 сар моли калони шохдорро ба маблағи 15 ҳазору 660 сомонӣ нархгузорӣ карда, низ барои додани пулаш 10 рӯз вақт гирифтааст, вале пули ӯро ҳам то ҳол надодааст. Ба ин монанд дар 2 ҳолати дигар аз сокинони ҷамоати номбурда 1105 кг гӯштро 36 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, то ҳол барнагардонидааст.

Милитсияи Бадахшон гуфт, вобаста ба ҳолатҳои болозикргардида айни замон нисбати дастгиршуда Ҳакимов Акбаршо бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button