ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ПАДАРАШ БАРОИ ДАР БЕМОРХОНА ХОБОНДАН РОЗӢ НАШУД… МАРГИ БОЗ ЯК КӮДАКИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

Як кӯдаки тоҷик, ки аз таби баланд азият мекашид, шаби 27 январи соли 2023 дар роҳ ба бемористони шаҳри Кировски вилояти Ленинград ҷон додааст.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, падари ин кӯдак, сокини 28-солаи шаҳраки Отрадное, зодаи Тоҷикистон бори аввал шоми 27 январ, соати тақрибан 20:00, писарашро бо ҳарорати 38,5 дараҷа ба беморхонаи марказии шаҳри Кировск овардааст. Табибон баъди муоина ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки кӯдакашро дар беморхона бихобонад. Вале падари кӯдак хобондани ӯро дар беморхона рад карда, писарашро ба хона бурдааст.

Аммо тақрибан баъди як соат аҳволи кӯдак боз ҳам бадтар шудааст ва падараш ӯро дубора ба бемористон овардааст. Вале ин дафъа кӯдак дар роҳ вафот кардааст.

Ҳоло ҷасади кӯдакро барои ташхис ба морг бурдаанд. Қазияро Кумитаи тафтишот месанҷад. Дар пулис гуфтаанд, ки модари кӯдак шаҳрванди Тоҷикистон буда, тоза ду ҳафта пеш ҳаққи иқомат дар Русияро ба даст оварда буд. Падари кӯдак челонгар будааст.

Шаҳри Кировск  дар соҳили дарёи Нева ва дар наздикии кӯли Ладога, тақрибан дар 45-километрии шарқи шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст. Шаҳраки Отрадное низ дар соҳили дарёи Нева ҷойгир шудааст ва аз инҷо то Кировск 18 км ва то Петербург 40 км роҳ аст.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳолати ҳалокати кӯдакони хурдсоли муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Ленингради Русия аст.

Тавре “Бомдод” қаблан хабар дод, бемории сурхча (гул, гулгуна, ё сурхакон) сабаби марги як кӯдаки шашсолаи тоҷик дар вилояти Ленингради Русия шуд.

Ин кӯдакро шоми 25 январи соли 2023 дар ҳолати вазнин аз шаҳраки Заполйе ба бемористони кӯдаконаи шаҳри Виборг овардаанд. Заполйе дар тақрибан 70-километрии ҷануби Виборг ва 100-километрии шимолуғарби шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.

Гуфта мешавад, ин кӯдакро аммаҳояш се рӯз аз шамолхӯрдагӣ табобат кардаанд ва се рӯзи дигар табибони бемористони маҳаллӣ аз сурхча.

Шабакаи “47-й канал” бо такя ба маълумоти пулис хабар дод, ки ин кӯдаки шашсола ҳамроҳи волидонаш моҳи феврали соли 2022 ба Русия омадааст. Волидонаш мақсади омадани худро гирифтани шаҳрвандии Русия нишон дода будаанд. Аммо модараш, ки 41 сол дорад, баъди чанде ба Тоҷикистон баргаштааст ва кӯдак таҳти нигоҳубини ду аммааш қарор дошт, ки якеаш 43-сола буда, дар Заполйе ба ҳайси говдӯш кор мекард ва дуюмиаш 34 сол доштааст.

Рӯзи 20 январ аҳволи саломатии кӯдак бад ва табаш баланд шудааст. Аммаҳояш бо ин гумон, ки  ӯ шамол хӯрдааст, кӯдакро чанд рӯз доруву давои зидди таби баланд додаанд. Вале дору кор надод ва табаш паст нашуд. Рӯзи 23 январ аммаҳояш кӯдакро ба нуқтаи фелдшерию акушерии воқеъ дар шаҳраки ҳамсояи Поляни бурдаанд. Табибон бемории ӯро сурхча бароварда,  барои табобаташ  чанд дору навиштаанд.

Вале рӯзи 25 январ аҳволи кӯдак вазнин шудааст ва аммааш соати 14:25 ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задааст. Азбаски  интизории “Ёрии таъҷилӣ” чанд соат тӯл кашидааст, аммаи кӯдак бетоқат шуда, худаш кӯдакро гирифта, соати 18:30, яъне 4 соат баъди зангаш ба “Ёрии таъҷилӣ”, ба бемористони шаҳри Виборг овардааст. Дар инҷо табибон талош карданд, ки тифли тоҷикро аз чанги марг наҷот диҳанд, вале бенатиҷа: Соати 19:30 кӯдак дар рӯи дастони табибон ҷон дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button