ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ВАРЗИШГАРИ БАДАХШОНӢ ОЛИМШО МУМИНОВ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ЭЪТИРОЗҲОИ РӮШОН БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе варзишгари волейболбоз аз ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Олимшо Муминовро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Олимшо Муминов, ки номзад ба устодии варзиш ва чемпион Душанбе (солҳои 2009-2010) ва барандаи медали нуқраи қаҳрамонии волейболи Тоҷикистон дар солҳои 2009-2010 буд, бар асоси моддаи 187 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар иштирок дар фаъолияти ташкилоти ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуд.

Дар ин бора рӯзи 27 январи соли 2023 журналист Aнора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

Мақомоти расмӣ то кунун парванда ва ҳукми ин варзишгарро шарҳ надодаанд, вале бино ба иттилои Анора Саркорова, Олимшо Муминов аз ҷумлаи иштирокчиёни тазоҳуроти эътирозии осоишта дар шаҳраки Вамар – маркази маъмурии ноҳияи Рӯшон дар моҳи майи соли 2022 буд.

Ёдовар мешавем, моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон  мавҷи нави эътирозҳо дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳҳои ҷангӣ саркӯб карданд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо беш аз 30 нафар кушта ва ҳудуди 200 тани дигар дастгир шуданд.  Аксари қурбониён дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Вамар кушта шуданд ва бештари дастгиршудагон низ аз Рӯшон ва шаҳри Хоруғ буданд.

Анора Саркорова менависад, ки Олимшо Муминов баъди ҳаводиси Рӯшон ба Русия рафт ва дар як ширкати сохтмони дар шаҳри Нижний Новгород кор мекард. Рӯзи 29 ноябри соли 2022  ба Олимшо занг зада, ӯро бо баҳонаи баррасии кадом масъалаи корӣ ба бинои идораи ин ширкат даъват карданд. Ҳарчанд ҳамроҳонаш ба ӯ гуфтаанд, ки наравад, Олимшо рафт ва ғайб зад. Танҳо баъди чанд вақт маълум шуд, ки ӯро алакай ба Тоҷикистон бурдаанд ва ӯ дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад.  Анора Саркорова ҳамчунин хабар дод, ки тафтиши парванда ва мурофиаи додгоҳии Олимшо Муминов пушти дарҳои баста ва бидуни иштироки адвокат доир шудаанд.

Аз ҳудуди 200 тан аз зодагони дастгиршудаи Бадахшон то имрӯз алакай тақрибан 100 нафари ин дастгиршудагон ба солҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла дастикам 5 нафар аз зодагони Бадахшон, бо шумули генерал Холбаш Холбашев ва Толиб Аёмбеков бо як писараш ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанд. Лозим ба зикр аст, ки беш аз 20 тан аз зодагони Бадахшонро дар Русия дастгир карда, ба Тоҷикистон оварданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button