Дин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ТАҲДИДИ ҲУКМИ ҚАТЛ БА САЙФУЛЛО САИПОВ АЗ ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР АМРИКО

Ҳайати мунсифа (суд присяжных)-и додгоҳи федералии Амрико Сайфулло Саипов, як муҳоҷири ӯзбекистониро, ки санаи 31-уми октябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк 8 нафарро дар як ҳамлаи террористӣ кушта буд, аз рӯи ҳамаи 28 банди парванда, аз ҷумла 8 мавриди куштор ва 12 мавриди сӯиқасд ба куштор гунаҳкор донист. Ин маънои онро дорад, ки акнун Саиповро метавонанд ба ҳабси абад ва ё ҳукми қатл маҳкум кунанд. 

Хабаргузории Reuters бо такя ба манобеи худ менависад, ки ҳукми ин муҳоҷири ӯзбекистонӣ рӯзи 6-уми феврали соли 2023 хонда хоҳад шуд. Ҳайати мунсифа дубора рӯзи 6-уми феврал ба додгоҳ бармегардад, то далелҳои изофиро шунида, аз ду интихоб якеро интихоб кунанд. Бояд гуфт, ки чунин ҳукм, яъне ҳукми қатл дар аёлати Ню-Йорк дар 60 соли охир бори аввал қабул карда мешавад.  Бори охирин дар ин аёлат ҳукми қатл соли 1963 содир шуда буд.

То ин дам Саипов ва вакили ӯ пофишорӣ мекарданд, ки “дар ҳолати ба ҳукми қатл маҳкум нашудан, омодаанд, ки гуноҳро эътироф кунанд”.

Вале президенти онвақтаи Амрико Доналд Трамп гуфта буд, ки “террористи шаҳри Ню-Йорк бояд ба ҳукми қатл маҳкум шавад!”

Тӯл кашидани ин мурофиа дар ҳоле аст, ки  вакилони Саипов гуфта буданд, “қарори ҳукумат барои худдорӣ аз содир шудани ҳукми қатл метавонад ин парвандаро дар фурсати наздик ба анҷом расонад”. Вале хешовандони қурбониён ва маҷрӯҳшудагони ҳамла таъкид бар он мекарданд, ки “хоҳони зудтар анҷом ёфтани мурофиа ҳастанд, чун аз азияти рӯҳии фоҷиа ранҷ мебаранд”.

Ин қазия замоне хашми боз ҳам бештари наздикони қурбониёнро ба бор овард, ки Саипов дар бозпурсӣ таъкид намуд, ки “аз кардааш хеле хушнуд аст”.

Трамп низ бо хашм, он замон эълон намуд, ки барномаи додани корти сабз ва ё ҳамон Green Card-ро поён медиҳад. Зеро шаҳрванди Ӯзбекистон Сайфулло Саипов (Соҳибов) бо ҳамин барнома дар соли 2010 вориди Амрико гаштааст.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи тарҳи озмуни Green Card  солона 50 ҳазор нафар метавонанд аз саросари ҷаҳон бо номнависӣ аз роҳи қуръакашӣ ба Амрико муҳоҷират кунад. Ва ин тарҳ аз соли 1990 инҷониб идома дорад.

Сайфулло Саипов, ки ҳоло 34 сол дорад, дар санаи 31-уми октябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк бо мошини боркаши худ 8 нафарро кушта, 12 нафарро захмӣ намуда буд.  Аз ин 8 нафар 5 тан шаҳрвандони Аргентина, 1 нафари дигар шаҳрванди Белгия ва 2 тани дигар шаҳрвандони Амрико буданд. Ин ҳамлаи террористӣ баъд аз ҳамлаи 11-уми сентябри соли 2001 мудҳиштарин ҳамла дар ин шаҳр ба шумор мерафт. 

Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва ё ДOИШ он замон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта, дар ҳафтаномаи “Ал-Анбоъ”, ки вобаста ба ин гурӯҳ аст, навишта буд, ки ронандаи мошини боркаш яке аз сарбозони “хилофат” аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button