ВидеоМуҳоҷиронНуқтаи назар

ШОИРИ ТОҶИКИ МУҲОҶИР МЕГӮЯД, ӮРО БА ҲАМКОРӢ БО “ИСЛОҲ ТВ” ВА ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ АЙБДОР МЕКУНАНД

Абдувоҳид Ҷабборпур, шоири тоҷики муқими Русия рӯзи 27 январи соли 2023 дар матлабе бо номи “Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам” дар саҳифааш дар Фейсбук хабар додааст, ки кормандони УБОП дигарбора ба хонаашон рафта, ба модараш гуфтаанд, ки гӯё Ҷабборпур бо Додоҷон Атовуллоев ва Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамкорӣ дорад. Хонаводаи Ҷабборпур дар деҳаи Ҳафтрӯд (собиқ Қиёқлӣ) дар ҷамоати Шинг дар канори Панҷакент ба сар мебаранд. Худи ӯ беш аз 10 сол боз дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буда, асосан ба зидди мухолифин матлабҳо ва шеърҳо нашр мекунад.

Абдувоҳид Ҷабборпур менависад:

Бовар бикунед, айнан ин рӯзро кайҳо боз интизор будам…

Дирӯз кормандони УБОП ба хонаи мо, деҳаи Қиёқлӣ назди модарам рафтаанд.

Модари ман умуман намедонад, ки Додоҷони Атовуллоев ба чӣ корҳо машғул асту Муҳаммадиқболи Садриддин кист?

Ба гуфтаи кормандони УБОП гӯиё, ки ман бо ин ду нафар яъне Додоҷони Атовуллов ва Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамкорӣ карда бошам..

Инқадар пуштибонӣ аз ҳукумат, ин қадар дашному туҳматномаҳо зидди Додоҷони Атовуллову дигар мухолифин навиштаам, ба ҷойи миннатдорӣ тӯҳмат кардаанд…

Ташаккур ба ҳукумату ба амнияту ба ВКД!

Модоме, ки ман бо касе ҳамкорӣ карда бошам, пас далел биёред???

Ҷабборпур меафзояд, ки як корманди УБОП мустақиман бо худаш тамос гирифта, ваъда додааст, ки далелҳои ҳамкориаш бо мухолифинро ироа хоҳад кард, вале, менависад ӯ,  “ду рӯз боз шуд дар интизори далелаш ҳастам, тӯҳмат ҳам меъёр дорад!

Пас маълум мешавад, ки ҳамаи онҳое, ки бо ҷурми террористу хойин пушти панҷара рафтаанд, ба воситаи тӯҳмат будааст!!!

Дар ҳамин ғарибӣ нагузоштанд, ки “нони гадоӣ”-ям дар гулӯям гузарад!

Маоши гирифтаам танҳо пули патентамро пардохт мекунад!

Бас будагист иғвою тӯҳмат!!!

Абдувоҳид Ҷабборпур  қаблан чандин шеър ба ситоиш аз ҳукумат ва бо мазаммату танқид аз роҳбарони созмонҳои оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯъ, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва “Гуруҳи 24” нашр кардаааст.

Аммо дар як моҳи охир ӯ инак бори дуюм аст, ки аз болои сари модарашро гирифтани кормандони УБОП шикоят мекунад. Ҷабборпур 25 декабри соли 2022 низ дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, мушаххасан кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД дар водии Зарафшон (УБОП) ба далелҳои барояш ҳанӯз номаълуме ӯро ҷустуҷӯ доранд ва талаб кардаанд, ки ба бозпурсӣ ҳозир шавад.

 “Сабабашро ягон шарҳ надодаанд, ки оё аз ман чӣ мехоҳанд? Ҳама медонанд, ки ман ягон бор лаб ба танқиди роҳбари давлат ё ягон корманди ҳукумати Тоҷикистон накушодаам, балки баракс мухолифини ҳукуматро ошкоро танқид мекардам”, – гуфта буд Абдувоҳид Ҷабборпур.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла УБОП, ин даъвоҳои шоири тоҷикро  то ҳол шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button