Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЯК РӮЗ. ДАР КӮЛОБ ВА ДАР ДОХИЛИ НАҚБИ “ИСТИҚЛОЛ”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 27 январи соли 2023 дар ду садама дар  роҳи тарафи маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб ва дар дохили нақби “Истиқлол” дар шоҳрои Душанбе – Хуҷанд ду нафар: як пиёдагарди 52-сола ва як ноболиғи 15-сола – ба ҳалокат расидаанд.  Дар Кӯлоб ронандаи  мошини “Мерседес” бино бар ях бастани роҳи мошингард, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагардро пахш кардааст. Дар дохили нақби “Истиқлол” бар асари ба мошини боркаши “Шакман” бархӯрдани мошиини “Опел” мусофири ноболиғи “Опел”, с.т. 2008, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳат бардошта, дар бемористон ҷон додааст.

Бино ба иттилои ВКД, субҳи 27-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 07:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда, Бояков Шаҳриёр Мустафоевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти терминали мусофиркашонии шаҳри Кулоб ба маҳаллаи Чармгарони поён, бинобар сабаби яхпӯш будани сатҳи роҳи мошингард аз уҳдаи рондани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Давлатов Мизробхон Анварович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.Дар натиҷа, Давлатов М.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, ҳамон рӯзи 27-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 16:40, дар роҳи мошингарди ноҳияи Варзоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зиддеҳ, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Бобоев Хонагирин Толибҷонович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ва расидан дар дохили нақби “Истиқлол” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Шакман», таҳти идораи ронанда, Файзуллоев Ҳамдам Абдухолиқович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили “Опел-Астра”, Бобоев Хондамир, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии БДА, ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button