Ҷомеа

11 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК НОБОЛИҒ БАРОИ ОДАМКУШӢ ДАР ҶАРАЁНИ ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ НАВРАСОН ДАР МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “БЕҲИН”

Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҳукми худ аз рӯзи 10 январи соли 2023 ноболиғ Ҳусен Ҳакимовро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ: моддаи 237, қисми 3, банди “а” (авбошии гуруҳӣ бо истифода аз силоҳи сард) ва моддаи 104, қисми 2, бандҳои “в” ва “к” (куштори ноболиғ аз ҳиссиёти авбошӣ) гунаҳкор дониста, ба 11 соли зиндони низомашон умумӣ маҳкум кард. Сабаби бо вуҷуди чунин ҷиноятҳои сангин ва ҳукми тӯлонӣ ба маҳбаси низомаш умумӣ маҳкум шудани Ҳакимов ноболиғ будани ӯст, чунки дар Тоҷикистон барои ноболиғон ва занон танҳо маҳбасҳои низомаш умумӣ вуҷуд дошта, маҳбасҳои низомаш шадиду сангин вуҷуд надоранд.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 28 январи соли 2023 дар як гузориши муфассал бархе ҷузъиёти ин парвандаро боз кард ва гуфт, ноболиғ Ҳакимов Ҳусен Маҳмудҷонович барои иштироки фаъолонааш дар як занозании гуруҳии байни наврасон дар маркази дилхушии “Беҳин” дар деҳаи Чорсӯи ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва куштани як наврас аз тарафи муқобил чунин ҳукми тӯлонии зиндон гирифт. Ин муноқиша рӯзи 17 майи соли 2022 дар назди ҳавзи шиноварии “Беҳин” аз як моҷарои ночиз байни хонандагони синфи 8 аз мактаби №15 ноҳияи Рӯдакӣ ва хонандагони синфи 9 аз мактаби №99 шаҳри Душанбе оғоз ёфта, ба занозании гуруҳӣ печид ва бо куштор анҷомид.

Худи Ҳусен Ҳакимов ваё адвокат ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи додситонӣ, дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки рӯзи 17 майи соли 2022, тахминан соати 15:30 дар маркази дилхушии “Беҳин” байни 10 хонандаи синфи 8 мактаби миёнаи №15 ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғон Ҳотамов М.Р., Қурбонов Ш.О., Самадов У.Ҷ.. Исмоилов А.А., Маҳмудов У.Д., Абдурозиқи А., Ҳакимов А.А., Баҳриддини 3., Нуров А.А., Колдашев А.А. ва хонандагони синфи 9 мактаби миёнаи №99 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳайитов Д.Қ., Ҳасанов М.Б., Сафаров А.Б., Давлатов С.Ҳ., Фахриддинов Б.М. бо сабабҳои ночиз муноқишаи лафзӣ cap задааст.

Дар ин вақт ноболиғ Ҳайитов Д.Қ. ба шиносонаш ноболиғ Саидов Ш.Б., Назарзода З.С., Дороншоев Ф.М., Ваҳидов М.Н., ки онҳо дар толори бозиҳои компютерии «Драйв», воқеъ дар шаҳри Душанбе, қарор доштаанд, занг зада, ноболиғ Саидов Ш.Б.-ро гуфтааст, ки дар назди ҳавзи шиноварии “Беҳин” бачаҳои калон ҷамъ шудаанд ва ба назди онҳо омада, нагузоранд, ки онҳоро лату кӯб кунанд.

Пас аз ин, ноболиғон Саидов Ш.Б., Назарзода З.С., Дороншоев Ф.М. ва Ваҳидов М.Н. тавассути мошини сабукрави таксӣ ба самти маркази дилхушии “Беҳни” раҳсипор шуда, дар роҳ ноболиғ Ваҳидов М.Н. рафиқаш ноболиғ Ҳакимов Ҳ.М.- ро занг зада, ӯро аз назди кӯчаи 1-уми Майи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо худ гирифта, ба деҳаи Чорсӯи ноҳияи Рӯдакӣ бурдаанд.

Баъди расидан, дар назди маркази дилхушии “Беҳин” ноболиғон Саидов Ш.Б., Дороншоев Ф.М., Ваҳидов М.Н. ва Ҳакимов Ҳ.М. аз мошин фаромадаанд ва ноболиғ Назарзода З.С. дар дохили мошини такси мондааст.

Пас аз ин, аз дохили маркази дилхушии «Беҳин» ноболиғон Ҳайитов Д.Қ., Ҳасанов М.Б., Сафаров А.Б., Давлатов С.Ҳ. ва Фахриддинов Б.М. баромада, якҷоя бо Саидов Ш.Б., Дороншоев Ф.М., Ваҳидов М.Н. ва Ҳакимов Ҳ.М. ба самти роҳи калон назди кӯпруки дарёи Элок рафтаанд. Дар ин вақт, ноболиғ Саидов Ш.Б. аз дасти ноболиғ Назарзода З.С., ки дар дохили такси қарор дошт, як адад корди қатъшавандаро, ки бо худ нигоҳ медошт, гирифтааст. Инро Ҳакимов Ҳ.М. дидааст.

Дар роҳ номбурдагон ноболиғон Қурбонов Ш.О., Исмоилов А.М., Маҳмудов У.Д. ва Колдашев А.А.-ро вохӯрда, ноболиғ Ҳакимов М.М. ва дигарон, ки шахсияти онҳо дар рафти тафтиши пешакӣ муайян карда нашудааст, тартиботи ҷамъиятиро, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, дағалона вайрон намуда, ноболиғон Қурбонов Ш.О., Исмоилов А.М. ва Колдашев А.А.-ро бо дасту пой мавриди лату кӯб карор доданд, ки дар натиҷа ноболиғон Қурбонов Ш.О., Исмоилов А.М. ва Колдашев А.А. ҷароҳатҳои ҷисмонии гуногун ба саломатиашон бардоштанд.

Пас аз ин, ноболиғон Ҳайитов Д.Қ., Ҳасанов М.Б., Сафаров А.Б., Давлатов С.Ҳ., Саидов Ш.Б., Дороншоев Ф.М., Ваҳидов М.Н., Ҳакимов Ҳ.М. ва Фахриддинов Б.М. ба самти роҳи калон болои пули дарёи Элок баромадаанд.

Дар ин вақт, Ғоибов Б.Д., ноболиғон Аҷиков М.А., Ғуломов М.Ф. ва дигарон, ки тахминан 5-6 нафар будаанд, аз лату кӯб шудани хонандагони МТМУ №15 ноҳияи Рӯдакӣ огоҳӣ ёфта, аз дохили толори саққобозӣ баромада, ба назди ноболиғон Ҳайитов Д.Қ., Ҳасанов М.Б., Сафаров А.Б., Давлатов С.Ҳ., Саидов Ш.Б., Дороншоев Ф.М., Ваҳидов М.Н., Ҳакимов Ҳ.М. ва Фахриддинов Б.М. рафтаанд.

Ноболиғ Аҷиков М.А. аввал шуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, ноболиғ Ҳайитов Д.Қ.-ро як маротиба бо мушт ба рӯяш задааст, ки дар натиҷа ноболиғони дар он ҷой ҳузурдошта низ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, якдигарро мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Ноболиғ Ҳакимов Ҳ.М. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, аз дасти рафиқаш ноболиғ Саидов Ш.Б. корди қатъшавандаи сайёҳиро гирифта, дар болои пули дарёи Элок, аз ҳиссиёти авбошӣ як маротиба ба қафаси синаи Колдашев А.А., ки ноболиғ буданаш ба ӯ аён буд, задааст, ки дар натиҷа Колдашев А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ интиқол додан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button