ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ШАҲРИ МАСКАВ АЗ ҲИСОБИ ФУРӮШИ ПАТЕНТ БА МУҲОҶИРОН 32 МИЛЛИАРД РУБЛ ДАРОМАД БА ДАСТ ОВАРДААСТ

Соли 2022  муҳоҷирони корие, ки дар шаҳри Маскав бо патент кор мекунанд, ба буҷаи пойтахти Русия қариб 32 миллиард рубл (ҳудуди ним миллиард доллар) андоз аз даромад супурдаанд. Дар ин бора рӯзи 27 январи соли 2023 вазири ҳукумати Маскав ва разбари департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди пойтахти Русия Мария Багреева хабар дод.

Ӯ ба хабарнигорон гуфт: “Шаҳрвандони хориҷӣ ба иқтисоди шаҳр саҳми қобили мулоҳиза мегузоранд. Тайи солҳои 2015–2022 ҳаҷми воридот ба буҷаи Маскав аз ҳисоби фурӯши патенти кор ба 145 миллиард рубл расидааст, ки ин ҳудуди 2 фоизи андоз аз даромади шахсони алоҳидаро ташкил медиҳад ва яке аз се андози аз ҳама муҳим дар ташаккули буҷаи шаҳр ба ҳисоб меравад”.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин низ қаблан саҳми муҳоҷиронро дар ташаккули буҷаи пойтахти Русия муҳим хонда гуфта буд, даромад аз фурӯши патент ба муҳоҷирон ҳатто бештар аз андозҳоест, ки ширкатҳои бузурги нафт ва бензинфурӯшиҳо ба буҷаи Маскав месупоранд.

Багреева гуфт, дар ҳоли ҳозир, муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Молдова ва Озарбойҷон танҳо дар Маркази Сахарово метавонанд барои кор дар шаҳру вилояти Маскав патент бигиранд. Ин марказ аз соли 2015 ба ин тараф ба 3,8 миллион муҳоҷир барои кор дар шаҳри Маскав патент додааст.

Бо мақсади тавсиаи имконот барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ ибтидо дар Ӯзбекистон ва моҳи ноябри соли 2022 дар Душанбе низ шуъбаҳои Маркази Сахарово ба фаъолият оғоз карданд.

Шумораи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия беш аз 1 миллион нафар гуфта мешавад. Соли 2021 аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирон ба Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллар пул омада буд. Ба эҳтимоли ғолиб, ин рақам дар соли 2022 боз ҳам болотар рафтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button