ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҲАМЛАИ МУСАЛЛАҲОНА БА САФОРАТИ ОЗАРБОЙҶОН ДАР ТЕҲРОН (ВИДЕО)

Субҳи 27 январи соли 2023, тақрибан соати 8:00 ба вақти Теҳрон ба сафорати Озарбойҷон дар Эрон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифтааст. Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон хабар дод, ки ҳамлагари мусаллаҳ бо автомати Калашников ба сафорат ҳамла оварда, дар посгоҳи муҳофизатӣ сардори хадамоти муҳофизати сафоратхонаро куштааст.

Сардори пулиси Теҳрон Сардор Ҳусейн Раҳимӣ хабар дод, ки ҳамлагарро дастгир кардаанд.

Хабаргузории эронии “Тасним”  аз қавли Раҳимӣ хабар дод, ки ба бинои сафорати Озарбойҷон як марди мусаллаҳ ҳамроҳи ду кӯдак ворид шудааст. Ин мард баъди боздошт мушкилоти шахсӣ ва оилавиашро сабаби ҳамла ба бинои сафорат номидааст.

Тафсилоти дигар ҳанӯз дастрас нест, вале дар Озарбойҷон ин ҳамларо ҳамлаи террористӣ унвон мекунанд. Аз ҷумла раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев низ дар саҳифааш дар Твиттер ҳамла ба бинои сафорати кишвараш дар Эронро амали террористӣ номид ва ба наздикони қурбонии ин ҳамла лейтенанти калон Орҳан Аскаров изҳори ҳамдардӣ кард: “Ба аҳли оила ва наздкони лейтенанти калон Аскаров Орҳан Ризвон уғлу самимона изҳори ҳамдардӣ мекунам. Тафтиши фаврии ин амали террористӣ ва ҳарчӣ зудтар ба ҷавобгарӣ кашондани террористҳоро талаб дорем”.

Озарбойҷон бо ҳамсояаш Эрон муносибатҳои ноҳамвор ва аксар вақт танишолуда дорад.

Ахиран мақомоти Эрон изҳор доштанд, ки ҳамлаи террористии моҳи октябр ба як мазор дар шаҳри Шерози Эронро ду шаҳрванди Тоҷикистон таҳти раҳбарии як шаҳрванди Озарбойҷон анҷом додаанд. Дар Теҳрон ҳамчунин аз эҳтимоли ҳимояти Боку аз ҷудоиталабони озарӣ дар устони Озарбойҷони Эрон ҳамеша нигаронанд.

Озарбойҷон ба навбати худ аз он нороҳат аст, ки Эрон ба сурати ғайриаланӣ ба Арманистон, ки бо Озарбойҷон дар ҳолати душманӣ қарор дорад, кумак мерасонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button