ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД МАСЪУЛОНРО ДАР МАРГИ ШАШГОНИКҲО ГУНАҲКОР КАРД

Муаллиф: Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд дар як ҷаласа, ки 25-уми январи соли 2023 бо иштироки масъулини кор бо занон ва оилаи вилоят баргузор гардид, ба қазияи фавти шашгоник дар таваллудхонаи вилоятии Суғд таваҷҷуҳ карда, гуфтааст, “онҳо аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии масъулини ҳамаи ниҳодҳои дахлдори вилоят, аз ҷумла духтурон фавтидаанд”.

Ӯ аз ҳамкории зич надоштани мақомоти вилоят изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, “дар робита ба фавти шашгоник масъулини соҳа дар ҳамкорӣ барои пешгирии ҳолатҳои номатлуб кор накарданд”.

“Агар мушкилоти оддӣ  саривақт ба гӯши  масъулини мақомот мерасид, пас ҳал мегардид. Аммо имрӯз вазъ дигаргун аст”, – гуфтааст ӯ.

Дар наворе, ки аз ин нишаст дастраси “Азия-Плюс” гардид, дида мешавад, ки Зайнура Азимӣ дар ҷаласа сабабҳои афзоиши кирдорҳои номатлубро аз саҳлангории баъзе аз кормандони бахши кор бо занҳо медонад.

“Роҳбарони бархе аз сохторҳо ҳангоми иҷрои вазифа масъулияти худро эҳсос намекунанд. Ва ин боиси зиёд шудани ҳолатҳои номатлуб ва бештар ба қайд гирифтани рақамҳои омории ҷиноятсодикурниву мушкилот мегардад. Норасоии кадрҳо, набудани шахсони масъули соҳа боиси бештар шудани кирдорҳои номатлуб мегардад”, – афзудааст Зайнура Азимӣ.

Гуфта шуд, ки маҳз аз бемасъулиятӣ дар соли 2022-юм се ҳолати фавти модар ҳангоми таваллуд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум зиёд аст. Соли 2022 дар вилояти Суғд 12 зан ҳангоми таваллуд фавтидаанд, ки ин нисбат ба соли 2021-ум камтар  будааст.

Ёдовар мешавем, ки дар таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд санаи 10-уми январ шашгоник ба дунё омад ва пас аз як рӯз ҳамаи онҳо фавтиданд. Ин аввалин ҳолати таваллудии шашгоникҳо дар кишвар буд ва хеле пурсарусадо шуд.

Духтурон ва масъулини вазорати тандурустӣ сабаби марги шашгоникро вазни кам ва норасид таваллуд шудани онҳо унвон карданд, аммо наздикони шашгоники фавтида омили даргузашти навзодонро саҳлангории духтурон гуфтанд.

Пас аз 8 рӯзи ин ҳодиса роҳбари беморхона Нурӣ Дадобоеваро ба нафақа гусел карданд. Аммо то ҳол масъалаи фавти шашгоник чун мушкили доғ дар бахши тандурустии кишвар баҳсбарангез аст.

Манбаъ: Азия Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button