ВидеоТоҷикистон

“БАҲРИ ТОҶИК” ЯХ БАСТ! БОРИ АВВАЛ ДАР 15 СОЛИ ОХИР! (ВИДЕО+6 АКС)

Обанбори Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон, ки онро “Баҳри Тоҷик” низ ном мебаранд, бар асари сардиҳои ду ҳафтаи охир ях бастааст. Бори охир ин обанбор 15 сол пеш ях баста буд.

Шабакаи телевизионии МИР24.ТВ бо нашри наворҳо аз соҳили “Баҳри тоҷик” гуфт, маъмулан дар ин фасли сол ҳам соҳили обанбори Қайроққумро мавҷҳо мешустанд, вале ҳоло дар ин соҳил пой ба рӯи ях мегузоред. Ҳарорати ҳаво дар соҳиби обанбор 5 дараҷа сард буда, шамоли сахт мевазад.

Олга Стёпкина, сокини шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) мегӯяд: “Зебоӣ, албатта, як зебоии тасвирнопазир аст. Видеокамера қодир нест ин ҳама зебоиро инъикос кунад ва нишон диҳад. Баҳр мисли як мавҷуди зинда менамояд”.

Ях бастани оби кӯлу дарёҳо, ки барои Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст, бисёриҳоро барои тамошои он ва ҳатто барои яхмолакбозӣ ба берун мебарорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри чанд акс хабар дод, ки кормандонаш махсус ба соҳили “Баҳри Тоҷик” рафта, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондаанд. Наҷобахшон ба сокинон фаҳмондаанд, ки кадом қоидаҳои бехатариро бояд риоя кунанд, дар сурати шикастани ях бояд чӣ кор кард ва агар ғарқ шудани касеро диданд, чӣ амалҳоеро бояд анҷом диҳанд. Онҳо ба моҳигирон низ фаҳмондаанд, ки бояд қоидаҳои бехатариро сарфи назар накунанд ва аз ҷумла бояд ҳатман бо худ таноби наҷот дошта бошанд ва ҳаргиз танҳо ба моҳидорӣ нараванд. Бояд дар паҳлуи моҳигир ҳатман касе бошад, ки дар сурати ғарқ шуданаш ба кумаки ӯ бирасад.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, ин тадбирҳо беасос нест, зеро дар Тоҷикистон қабати яхи кӯлу дарёҳо одатан хеле тунук аст ва вазни одамро бардошта наметавонад ва аз ин рӯ метавонад, бишиканад ва сабабгори ҳодисаҳои нохуш, ҳатто марги одамон шавад.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҷумла ёдовар шудааст, ки ахиран дар ноҳияи Ҳисор як духтари ноболиғ аз деҳаи Гачак бар асари шикастани яхи дарёи Хонақоҳ ғарқ шуд ва дар деҳаи Ғаробдараи ноҳияи Мӯъминобод се кӯдаки аз 4 то 5сола ҳангоми яхмолакбозӣ дар болои ҳавзи яхбастаи ин деҳа бар асари шикастани ях ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд.

Дар Тоҷикистон аз 10 январ сардиҳои аз соли 2008 ба ин тараф бесобиқа ҳукмфармост. Ин сардиҳо боис шуд, ки таътили зимистонаро дар мактабҳо ду маротиба тамдид кунанд. Хонандагон, ки мебоист 11 январ ба дарс бармегаштанд, танҳо 20 январ тавонистанд ба мактаб бираванд.

Ҳавошиносон мегӯянд, сардиҳо дар Тоҷикистон сабуктар шуданд, вале то ҳол побарҷо боқӣ мемонанд. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, ҳаво дар ин ҷумҳурӣ танҳо дар поёни моҳи январ нисбатан мулоимтар хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button