ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодиса

НАТИҶАИ ПЕШАКИИ ТАШХИС: 48 СОКИНИ ДЕҲАИ ЧАГАМ АЗ ҚУРУТ ЗАҲРОЛУД ШУДААНД

Азия Плюс

Таҳқиқи аввалияи заҳролудшавии 48 сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маълум кардааст, ки ҳамаи онҳо аз қурут ё дуғобе, ки маҳсулоти асосии қурутоб ба ҳисоб меравад, заҳролуд шудаанд.

Як корманди масъули Беморхонаи сироятии вилоятии шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ин танҳо натиҷаи пешакӣ аст ва онҳо намедонанд, ки қурут ё дӯғе, ки барои омода кардани қурутоб истифода шуд, таҳти кадом шароит тайёр шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз 24 нафари заҳролудшудае, ки дар ин беморхона бистарианд, 6 нафарашон кӯдакон мебошанд.

“Вазъи саломатии онҳо беҳтар шудааст ва эҳтимол ҳамаи онҳо имрӯз аз беморхона рухсат шаванд”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон Зафар Гулзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “ҳоло мушаххас нашудааст, ки 48 сокини ин ноҳия аз кадом ҷузъи қурутоб заҳролуд шудаанд ва санҷиши ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад”.

Ӯ афзуд, ҳамаи 48 нафаре, ки бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо дар беморхонаи ноҳиявӣ ва вилоятӣ бистарӣ шуда буданд, мураххас шуданд.


Гулзода қайд кард, ки роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят, маркази санитарию эпидемиологии вилоят ва зерсохторҳои онҳо фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сабаби заҳролудшави ҳодисаро муайян мекунанд.

“Ҳамаи сокинон бо аломатҳои дилбеҳузурӣ дар беморхона бистарӣ карда шуданд. Ба онҳо сари вақт ёрии зарурии тиббӣ расонида шуд”, – гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми январи соли ҷорӣ 48 нафар пас аз истеъмоли қурутоб дар хонаи яке аз сокинони рустои Чагами ноҳияи шамсиддин Шоҳин заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.

Баъди чанд соати ҳодиса ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иттилоия пахш намуд, ки “шаҳрвандон сари вақт ба беморхона интиқол дода шуда, ба хизматрасонии саривақтии тиббӣ фаро гирифта шуданд, ки аксарият бо беҳтар шудани вазъи саломатӣ аз беморхона ҷавоб дода шудаанд”.

Манбаъ: Азия Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button