ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ХОНАНДАИ СИНФИ ЯК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ВА ҚАЛЛОБӢ БО ЗАМИН ВА САНГИ ШАҒАЛ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 25.01.2023

Ҳалокати хонандаи синфи 1 дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

029

24-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Саъдуллоев Урозалӣ Холмуродович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Сайфиддинова Моҳпочо Зувайдуллоевна, соли таваллудаш 2015, хонандаи синфи 1, сокини ноҳияи Ҷ.Балхиро пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ Сайфиддинова М.З. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Содир шудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

032

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд оғоз карда шудааст, ки номбурда 7-уми апрели соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, бо баҳонаи гирифта додани қитъаи замин аз ҳудуди ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, аз ӯ 40 000 сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи ҷавони 21-солаи сокини кӯчаи Навоии шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2022, ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 11 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш шағал (щебень) оварда медиҳад, аммо маблағро ба манфиати худ сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button