ВидеоИлму фанноварӣФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ АДАБИЁТШИНОС ВА ЭРОНШИНОСИ ШИНОХТА МИРЗО МУЛЛОАҲМАД

Субҳи 25 январи соли 2023 Мирзо Муллоаҳмад, адабиётшинос ва эроншиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филология (1993),узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2008), узви  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1994) ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз 75-солагиаш аз дунё гузашт. Дар ин бора раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо нашри як номаи ҳамдардӣ хабар дод ва навишт, ғамшарикии худро ба ақрабо ва пайвандону шогирдони олими шинохта изҳор менамояд.

Қарор аст, ки маросими ҷанозаи Мирзо Муллоаҳмад рӯзи 25 январ, соати 13:00, дар назди  хонаашон дар маҳаллаи 91-уми пойтахт (дар наздикии мағозаи  “Арбат”) баргузор шавад.

Академияи миллии илмҳо ёдовар шудааст, ки Мирзо Муллоаҳмад (Муллоаҳмадов) аз ҷумлаи олимони пуркори тоҷик буд ва ба қалами ӯ беш аз 450 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ таълиф шудаанд. Аз ҷумла тақрибан 200 мақола, 12 монография, 30 маҷмӯаи Мирзо Муллоаҳмад ба масъалаҳои эроншиносӣ бахшида шуда, дар Эрон низ беш аз 30 асару мақолаҳояш ба табъ расидаанд.

Мирзо Муллоаҳмад 20 феврали соли 1948 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, соли 1969 бахши шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Марҳум дар мақомҳои мудири шуъбаи эроншиносӣ ва ҳиндшиносӣ (1987-1993), муовини директори Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои ҶТ (1989-1993), мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ (1995-1999), сардори шуъбаи илмиву созмондиҳӣ (2000-2004) ва муовини саркотиби илмии Академияи илмҳо (аз соли 2004 то дами марг) кор кардааст.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии Мирзо Муллоаҳмад адабиётшиносӣ, эроншиносӣ ва фарҳангшиносӣ буд. Ба қалами ӯ беш аз 450 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ тааллуқ дорад, ки аз онҳо 15 монография ва маҷмӯаи мақолаҳо, беш аз 30 маҷмӯаи гуногун аз осори адибони гузаштаву муосири форсизабон мебошанд. Таҳти роҳбарии Мирзо Муллоаҳмад  14 нафар рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ кардаанд.

Мирзо Муллоаҳмад адабиётшинос ва эроншиноси шинохта буда, перомуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, забон, таърих ва фарҳанги тоҷику форсу Шарқ, роҷеъ ба адибони даврони мухталиф тадқиқот анҷом додааст. Асарҳои илмии ӯ «Фаррухии Систонӣ» (1978), «Нишот ва Миҷмар» (1983), «Лирикаи Адибулмамолик Амирӣ» (1985), «Фурӯғии Бастомӣ ва ғазалиёти ӯ» (1967), «Қоонии Шерозӣ» (1992), «Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт» (2008) дар нашриёти «Дониш», «Инсон. Адабиёт. Фарҳанг» (1993), «Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» (2012) дар нашриёти «Адиб», «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), «Дар олами эроншиносӣ» (2005), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…» (2011) дар нашриёти «Деваштич», «Бузургдошти инсони нек» (2011) дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ба табъ расидаанд.

Матни мунтахаби оммавии «Қобуснома»-и Унсурмаъолӣ Кайковус (1979, 2007), «Рубоиёти Умари Хайём» (1983), «Баргузидаи ашъори Шаҳриёр» (дар ҳаммуаллифӣ, 1984, 2006), «Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон» (дар ҳаммуаллифӣ, 1986, 1988), «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл»-и Абдураҳмони Мустаҷир (дар ҳаммуаллифӣ, 1989), «Гулбонги навҷавонӣ»-и Лоҳутӣ (дар ҳаммуаллифӣ, 1991), «Андарзномаи Рӯдакӣ» (1992), «Ғазалиёти Фурӯғии Бастомӣ» (1993), «Донишнома»-и Майсарӣ (1999), «Андарзномаи Ҳаким Носири Хусрав» (2003), «Дахунома» (2003), «Гулчини девони Ҳофиз» (2006), «Андарзҳои Ҷалолиддини Румӣ» (2007), «Ашъори мунтахаб»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), «Дар партави Хуршед» (2011), «Ҳикматномаи Носири Хусрав» (2013) ва ғ.-ро ба чоп расондааст.

Баъзе аз асарҳои илмиаш дар Маскав, Теҳрон, Вашингтон, Боку, Машҳад, Қарочӣ, Кобул, Тошканд ва ғ. чоп шудаанд. Яке аз муаллифони нашри академии «Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои ХIХ-ХХ» (Маскав, «Наука», 1999) мебошад. Китобҳои ӯ «Ёди ёри меҳрубон» (Теҳрон,2001), «Хубони порсигӯй» (Теҳрон, 2003), «Андарзҳои Рӯдакӣ» (Теҳрон, 2008), «Садои Осиё» (2011) ва ғ. хонандагони эрониро бо намунаҳои осори шоирони маъруфи тоҷик ошно кардаанд. Дар нашрияҳои муътабари Эрон асарҳои илмии ӯ «Ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома» (2005), «Рӯдакӣ ва суханварони ҳамрӯзгори ӯ» (2008, дар ҳаммуаллифӣ), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…» (2010) нашр шудаанд. Ҳамчунин, рисолаи маъруфи ховаршиноси ленинградӣ Абдураҳмонов «Рӯдакӣ. Ҳаёт ва эҷодиёт» дар тарҷума ва тавзеҳи ӯ дар Душанбе (2008) ва ду маротиба дар Теҳрон (2012, 2014) ба табъ расид.

Мирзо Муллоаҳмад дар ташкили конфаронсу ҳамоишҳои илмӣ фаъолона ширкат варзида, котиби масъули Симпозиумҳои байналмилалии «Ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (1994), 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон» (2001), Анҷумани панҷуми байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷику форс (2006), «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» (2008) буд. Дар беш аз 30 конфаронсу симпозиуми байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни олам баргузор шудаанд, ширкат варзида, аз ҷумла, дар толори Созмони милали муттаҳид (Ню-Йорк, 18 июни 2008) дар мавзӯи «Рӯдакӣ – шоири бузурги башардӯст» суханронии илмӣ кардааст. Рӯдакишиносӣ яке аз самтҳои дигари фаъолияти илмии ӯст.  «Донишномаи Рӯдакӣ» таҳти сарварии Мирзо Муллоаҳмад таълиф шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button