ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ПИСАРИ 12-СОЛАИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БА АЗОБУ УҚУБАТ ТОБ НАОВАРДА, ХУДРО АЗ ҚАБАТИ ДУЮМИ БИНО БА ЗАМИН ПАРТОФТ…

Кормандони пулиси шаҳри Калинингради Русия як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистонро барои  бо таноб (шнур) ва чумча ё қошуқи сӯзон бераҳмона азобу уқубат додани писари 12-солааш боздошт кардаанд. Кӯдак ба ин азобу уқубат тоб наоварда, худро аз қабати дуюми бино ба замин ҳаво додааст. Ин кӯдаки нимурён ва гирёнро раҳгузарон дар кӯча дида, ба пулис хабар додаанд. Ин кӯдак ҳоло дар бемористон аст. Дар бораи ин ҳодиса рӯзи 24 январи соли 2023 хадамоти матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Калининград хабар дод. Ин минтақа дар ғарби Русия, дар соҳили бахри Балтика, дар марз бо Полша ва Литва ҷойгир шуда, ҷазирақаламрав, ё худ анклав аст ва онро аз боқӣ қаламрави Русия қаламрави кишвари Литва ҷудо мекунад.

Бино ба гузориши пулис, пулиси ноҳияи Маскави шаҳри Калининград нисбат ба як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон, ки дар Русия будубоши қонунӣ дорад, бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 156 (иҷро накардани уҳдадории падар дар тарбияи фарзанд) ва қисми дуюми моддаи 115 (қасдан расондани осеби сабук ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Дар иттилоияи пулис гуфта мешавад:  “Муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда ба кӯдак озори ҷинсӣ расондааст: Ӯ ба тарафи кӯдак пулти телевизорро партофта, ба пушташ бо таноб (шнур) ҳудуди 20 зарба задааст, ҳамчунин чумчаи хӯрокхӯриро дар плита гарм карда, ба рӯи дастонаш мондааст. Ин кӯдаки соли таваллудаш 2010 ба хотири наҷоти худ аз идомаи муҷозот худро азх қабати дуюми бино ба замин партофтааст. Ҳоло ӯ дар беморисоон аст. Падари кӯдак аз ҷониби кормандони пулис дастгир карда шуд ва ҳоло дар тавқифгоҳ (ИВС) қарор дорад”.

Тафсилоти дигари қазия оварда нашудааст. Маълум нест, ки ин падари тоҷик барои чӣ гуноҳе писарашро чунин бераҳмона ҷазо додааст?

Ба шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи 156 Кодекси ҷиноятии Русия барои иҷро накардани уҳдадориаш ҷиҳати тарбияи фарзанд ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 100 ҳазор рубл, корҳои ҳатмӣ ба муҳлати то 440 соат, ё корҳои ислоӣ ё маҷбурӣ ба муҳлати то 2 ва 3 сол таҳдид мекунад. Бар асоси моддаи 115 барои қасдан расондани осеби сабук ба саломатӣ ӯро метавонанд ба корҳои ҳатмӣ ба муддати то 360 соат, ё ба корҳои маҷбурӣ ё маҳдудияти озодӣ ва ҳатто ба зиндон ба муҳлати то ду сол маҳкум кунанд ваё то 6 моҳ ба ҳабс андозанд.

Ба ин қазия раёсати тафтишоти вилояти Калининград низ таваҷҷуҳ нишон дода, аз додситонии вилоят хостааст, то тафтиши ин парвандаро ба онҳо супоранд.

 Додситонии вилояти Калининград низ хабар дод, ки ҷараёни тафтиши ин парвандаро зери назорати худ мегирад ва дар бораи чӣ гуна иҷро шудани қонун дар бораи ҳимояти ҳуқуқи кӯдакон иловатан гузориш хоҳад дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button