СиёсатТоҷикистон

ОҒОЗИ ҶАЛАСАИ СОЛОНАИ ҲУКУМАТ: ҲАМА МУНТАЗИРИ ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ (10 АКС)

24 январи соли 2023 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи ҳукумати ҶТ ба кори худ оғоз намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, дар кори ин маҷлис, ки онро маҷлиси солонаи ҳукумат низ меноманд,  роҳбарият ва аъзои ҳукумат, дастгоҳи президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои марбут ба президент ва ҳукумат, роҳбарони корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар маҷлиси васеи ҳукумати ҶТ нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда мешавад.Маҷлиси солонаи ҳукумат тибқи анъана бо ҳисоботи сарвазир Қоҳир Расулзода дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодии кишвар дар соли 2022 оғоз ёфт.

Аммо маҷлисҳои солонаи ҳукумат бештар бо тағйироти кадрие, ки дар ҷараёни ин маҷлис ва баъди он сурат мегиранд, дар ёдҳо мемонад. Дар солҳои гузашта мавридҳое ҳам буд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону вазирони ҳатӯлкорро дар ҷаласаи солона дар байни ҳама аз ҷояшон хезонда, сарзаниш мекард ва ҳатто аз толори ҷаласа “Ба шумо ҷавоб!” гуфта пеш мекард.

Интизор меравад, ки имсол низ дар рӯзи ҷаласаи солонаи ҳукумат ва баъди он дар таркиби ҳукумат тағйироти кадрӣ сурат бигирад. Аз ҷумла, интизор меравад, фармони барканории раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ содир шавад. Муқимӣ ва раиси дастгоҳаш Холмаҳмад Ортиқов як рӯз қабл аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия дар ҳуҷраи кориашон бо иттиҳоми гирифтани 10 ҳазор доллар пора дастгир шуданд.

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  24.01.2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button