ОҚИБАТИ БАДМАСТӢ, ҚАЛЛОБӢ БО МОШИНИ “ҲАМЕР” ВА “ПРАВА”-И ҚАЛБАКӢ

Ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки соати дуи шаби 22-юми январ дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш ба қафаси сина ва оринҷи як рафиқи 25-солаашро 3 зарбаи корд задааст.
ххххххххххххххххх
Сокини 44-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб аз як сокини Ховалинг бо ваъдаи аз хориҷа барояш овардани мошини тамғаи “Ҳамер” 27 ҳзор доллар гирифт, боз 25 ҳазор доллар пули ду мошини дигари ӯро ҳам надодааст.
хххххххххххх
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Нозирони БДА дар Конибодом як сокини ҷамоати Патарро, ки қаблан барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шуда буд, бо ҳуҷҷати қалбакии ронандагӣ дастгир кардаанд. Маълум шуд, ки ӯ ин ҳуҷҷатро дар Русия дар ивази 5 ҳазор рубл харидааст.
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 23.01.2023
Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳолати мастӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 22-юми январи соли 2023, тахминан соати 02:00, дар ҳолати мастӣ ҳангоми дар хонаи истиқоматиаш бо рафиқаш ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия қарор доштанашон, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корди хоҷагӣ 2 маротиба ба қафаси сина ва 1 маротиба ба оринҷи ҷабрдида задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Боздошт гардидани якчанд нафар бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавӣ бо ариза сокини ноҳияи Ховалинг муроҷиат намудааст, ки соли 2013, дар назди бозори “Саховат” марди 44-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 27 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки 1-адад автомашинаи тамғаи «Хамер» аз хориҷа оварда медиҳад.
Номбурда такроран боз аз ҷабрдида 2-адад автомашинаҳои тамғаи «Порше Кайен» ва «БМВ»-ро ба маблағи 25 ҳазор доллари ИМА нархгузорӣ карда, гирифта, маблағҳояшро барнамегардонад.
Номбурда бо ин кирдори худ ба ҷабрдида зарари махсусан калон мерасонад.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2022, зани 35-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки аз шаҳри Душанбе хонаи 1 ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо маблағи гирифаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 60-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2022 зани 35-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 185 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз шаҳри Душанбе хонаи 2 ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо маблағи гирифаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Истифодаи шаҳодатномаи қалбакии ронандагӣ ронандаро ҷавобгар намуд
Нозирони шуъбачаи БДА ШВКД дар шаҳри Конибодом зимни хизматбарӣ ва назорат аз болои иштирокчиёни ҳаракати роҳ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Патари шаҳри мазкур ҳуҷҷатҳои ҳолати техникии автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», аломати қайди давлатиаш ТҶ 19 77 ММ 02 таҳти идораи ронанда Абдуллоев Анвар Мамурҷонович, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодомро санҷиш намуда, сохтакории ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳанда аз ҷониби ӯро ошкор намуданд.Шаҳодатномаи ронандагии қалбакӣ бо дараҷаи «Б» барои идораи нақлиёти сабукравро гумонбаршуда Анвар Абдуллоев дар Федератсияи Россия бар ивази 5 ҳазор рубли русӣ ба даст оварда, онҷо истифода ва баъди бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ мехост дар Тоҷикистон истифода барад, аммо ин усули ғайриқонунӣ кор надод, зеро кормандони шуъбачаи БДА ШВКД дар шаҳри Конибодом ҳануз соли 2021 қоидавайронкунии дағали ӯ – дар ҳолати мастӣ идора кардани автомашинаро ҳуҷҷатгузорӣ намуда огоҳ буданд, ки бо ҳукми суд Анвар Абдуллоев 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда шудааст.
Бо амали ғайриқонунӣ идораи воситаи нақлиёт бо шаҳодатномаи баръало қалбакӣ шаҳрванд Анвар Абдуллоев талаботи меъёрҳои дар моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо вайрон ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.Фарқ ва муайян кардани шаҳодатномаи қалбакии сохтакоришуда аз шаҳодатномаи аслӣ барои кормандони БДА мушкилие надорад, зеро онҳо мунтазам аз курсҳои махсуси такмили ихтисос гузашта нозукиҳои самти фаъолияти худро меомӯзанд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия