ВидеоҶомеа

КУМИТАИ ЗАНОН ВИДЕОИ “ДИКТАТУРАИ ХУШДОМАН”-РО ШАРҲ ДОД:  ҲОЛО МУНОСИБАТИ АРӮСУ ХУШДОМАН ХУБ АСТ (ВИДЕО)

Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Тоҷикистон дар Фейсбук хабар дод, ки дар пайи нашри видеои бадрафтории як хушдоман бо келинаш кормандони шуъбаи занони шаҳрдории Исфара рӯзи 19 январи соли 2023 ба ҷамоати Чоркӯҳ сафарбар шуда, “дар ҷойи ҳодиса бо келину хушдоман ва аҳли оила суҳбат намуда, сабаби чунин муносибати нангини хушдоманро муайян намуданд”.

“Ҳамчунин, бо шароити зиндагии ин оила аз наздик шинос гардида, бо ҳар як аьзои ин оила, хусусан, бо хушдоману шавҳар ва арӯси хонавода суҳбатҳои инфиродӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд”, гуфта мешавад дар иттилоияи кумита.

Нигора Юнусова, муаллифи ҳисобот таъкид кардааст ки: “Навори мазкур соли гузашта сабт гардида будааст. Арӯси хонавода кӯдакдор шуда, ҳоло муносибати келину хушдоман хуб аст”. Аммо бисёриҳо боз ҳам кумитаи занонро ба интиқод кашидаанд, ки чаро аз ин ҳолати пешомада чунин дер, яъне баъди як сол ва он ҳам баъди ба Интернет роҳ ёфтани навор хабардор шудаанд?

Дар иттилоия ҳамчунин гуфта мешавад, ки бо ҷалби занони фаъол ва ходимону дину собиқадорон дар Чоркӯҳ бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва ҳодисахои номатлуб як нишаст барпо гардид. Кумитаи гуфт, дар ҷамоати Чоркӯҳ ва дигар деҳаҳои Исфара ҳодисаи нангини дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршудаи арӯсу хушдоманро сахт маҳкум карда, сабаби рух додани чунин ҳодисаро дар ҷаҳолату маьрифати пасти хушдомани золим, косташавии арзиши оила, надонистани фарҳанги истифодабарии телефонҳои мобилӣ, риоя накардани оддитарин одоби муошират ва эҳтироми байни аьзои оила дар бархе аз оилаҳо донистанд”. Дар ин нишаст таъкид шудааст, ки аз азал ба тарбияву одоби занону духтарони исфарагӣ баҳои аъло медоданд ва бонувони Исфара дар тарбияи фарзандон, ба камол расонидани фарзандони фарзона, маданияти суханвариву одобу ахлоқи накӯ ҳамеша дар сафи аввали ҷамъият буданд”.

Ин дар ҳолест ки раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ахиран хабар дод, ки нисбат ба хушдомани золим парвандаи маъмурӣ кушодаанд ва ба ӯ барои зӯроварӣ дар оила ҷарима ба маблағи аз 128 то 320 сомонӣ таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, ахиран дар Интернет ду сабти видеоие нашр шуд, ки дар онҳо  тарзи хеле бади муносибат, балки ҳатто зулму ситами аҳли хонавода нисбат ба келини ин хонадон намоиш дода шудааст. Бадрафторӣ нисбат ба келин ба андозаест, ки ӯ ҳатто ҳақ надоштааст бидуни иҷозати хушдоман ва хоҳари шавҳараш ягон ғизо, ҳатто ягон пора нон бихӯрад.

Дар яке аз ин видеоҳо келин як пораи нони шикаста дар дасташ ба хушдоману хоҳари шавҳараш  қасамхӯрон “ҳисобот” медиҳад, ки аз ин пораи нон танҳо як лабашро шикаста хӯрдааст ва дигар даст нарасондааст.

Др навори дуюм хушдоман Б.Х. ҳамроҳи духтараш худашон келинро ба навор гирифта, қасам медиҳанд, ки фалону фалон корҳоро накунад. Келини бечора, ки ашк дар ин лаҳзаҳо гулӯгираш мекунад, як як аз паси хушдоман такрор мекунад, ки ин корҳоро ҳеҷ гоҳ намекунад.

Аҷаб он аст, ки дар лаҳзаи сабти навор дар он хона марди хонавода (зоҳиран хусури ин келин) ҳам ҳузур дорад, вале дахолат намекунад. Хоҳари шавҳараш бошад ин лаҳзаҳои паст задани шаъну эътибори келинашонро бо хандаву масхара бо телефон ба навор мегирад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин келин аз ҷамоати Сурхи Исфара буда, модар надоштааст ва ӯро ба маҳаллаи Какири ҷамоати Чоркӯҳ ба як ҷавони гунг ба шавҳар додаанд. Модарандари ин духтар  аз дидани ин сабтҳо ба ваҳшат омада, ба мақомот арз кардааст, то нисбат ба ин “диктатураи хушдоман” ё “дедовшинаи хушдоман” чораҳои қонунӣ бияндешанд.

Ному насаби пурраи хушдоман Б.Х. дар ихтиёри идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳаст, вале аз нашраш худдорӣ мекунем.

Шикоятҳо аз зулму ситами хушдоманҳо ва дигар хешу табори шавҳар нисбат ба келинҳо ва  аз дахолати аъзои хонаводаи шавҳар ба ҳаёти оилавии ҷуфтҳои ҷавон дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. Ин зулму ситам ва дахолатҳо дар ҳазорон маврид сабаби муноқишаҳои оилавӣ ва хонавайронии оилаҳои ҷавон шуда, дар садҳо маврид келинҳои беҳуқуқро то ба худкушӣ расондааст.

Барои ҳалли ин масъала дар таркиби ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳар шаҳру ноҳияву вилоят кумитаю раёсату шуъбаҳои махсуси занон ва оил таъсис додаанд, вале то кунун ин падидаи бад: зулму ситам нисбат ба келини хонавода дар кишвар ҳалношуда боқӣ мондааст.

Дар пайи тамошо ин видео низ даҳҳо нафар аз мақомот хостаанд, то нисбат ба ин хушдоман барои чунин бадрафторӣ нисбат ба келинаш чора бияндешанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button