ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи  22 январи соли 2023 дар як садамаи пурқурбонӣ дар роҳи мошингарди байни ҷамоати деҳоти Гулистон ва маркази ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон 4 нафар ба ҳалокат расида, ду каси дигар захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, як мошини тамғаи  «Hyundai», ки аз ҷониби як сокини 26-солаи шаҳраки Москва, маркази ноҳияи Ҳамадонӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз сабаби аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. 

Бар асари ин ҳодиса ронанда ва се мусофири ин мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шудаанд. 

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз ронандагон хостааст, ки ҳангоми ҳаракат қоидаҳои бехатариро риоя карда, аз боло бурдани суръати ҳаракат худдорӣ намоянд ва ҷони худу ҳамсафарони худро эҳтиёт кунанд.

“Ронандагӣ бо суръати баланд ҳамеша хатарнок аст. Ба ҷони худ ва ҳамсафарони худ раҳм кунед!!!”, гуфта шудааст дар ҳушдори Кумита.

Ин садамаи пурқурбонӣ дар ҳоле рух дод, ки инак ду ҳафта боз Тоҷикистон дар панҷаи сардиҳои қаҳратуни барои 15 соли охир бесобиқа қарор дорад. Ин сардиҳо хатари садамаҳо дар роҳҳои кишварро боз ҳам болотар бурдааст.

Роҳҳои Тоҷикистон дар умум роҳҳои пурхатар шумурда мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button