ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

ФАВРӢ! БОЗДОШТИ РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ ВА РАҲБАРИ ДАСТГОҲАШ БАРОИ ПОРА

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, кормандони Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон субҳи душанбе, 23 январи соли 2023 раиси ҳукумати ноҳияи Рашт дар шарқи ҷумҳурӣ Муқимӣ Раҳимҷони Набизода ва раиси дастгоҳи ӯ Ортиқов Холмаҳмадро бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир кардаанд.

Мақомоти расмӣ, аз ҷумла мақомоти Агентии мубориза бо коррупсия то кунун расман ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд, вале ду манбаи гуногуни наздик ба Агентӣ ва ба ҳукумати ноҳияи Рашт  дар давоми рӯз ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд, ки дар ҳақиқат ду мансабдори баландпояи ноҳияи Рашт: раиси ин ноҳия ва раҳбари дастгоҳаш ҳангоми гирифтани пора ба даст афтодаанд.

Ба гуфтаи ду манбаи дигар,  Раҳимҷон Муқимӣ ва раҳбари дастгоҳаш тақрибан як моҳ боз бо иттиҳоми ғайриқонунӣ фурӯхтани заминҳо таҳти коркарди фаврӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ қарор доштанд ва як рӯз қабл, яъне 22 январи соли 2023 роҳбарони Агентӣ шахсан аз президент Эмомалӣ Раҳмон барои гузарондани амалиёти боздошти раиси ноҳияи Рашт “ок” гирифтаанд.

Саъдулло Худоёров, блогери зодаи Рашт низ дар Фейсбук хабари боздошти раиси ин ноҳияро ҳамроҳи раҳбари дастгоҳаш тасдиқ карда, навишт, ки Муқимӣ ва Ортиқов ба гирифтани 10 ҳазор доллар ба сифати пора айбдор мешаванд.

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода 26 июни соли 1962 дар ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт)  таваллуд шуда, соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси баплангирии хоҷагии халқ хатм кардааст. Муқимӣ солҳои 1984-1986 иқтисодчии Раёсати хоҷагии қишлоқи Кумитаи иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғарм, солҳои 1986-1990 мутахассиси пешбар оид ба назорат ва тафтишоти иттиҳодияи  агросаноатии ноҳияи Ғарм, солҳои 1990-1992 нозири Кумитаи назорати халқии ноҳияи Ғарм, солҳои 1992-1994 корманди Нозироти андози ноҳияи Ғарм,  солҳои 1994-2005 директори совхози “Тагоба”-и ноҳияи Рашт, солҳои 2005-2012 сардори Раёсати молияи ноҳияи Рашт,  аз 07.02.2012 то 28.06.2012 муовини раиси ноҳияи Рашт ва солҳои 2012-2019 муовини якуми раиси ноҳияи Рашт кор кардааст.

Раҳимҷон Муқимӣ  26 феврали соли 2019 ба ҷои Қаноатшо Лоиқзода раиси ноҳияи Рашт таъйин шуд ва дар аввали кораш фармонҳои Лоиқзода дар хусуси хусусӣ кардани садҳо гектар заминҳои чарогоҳро бекор кард.

 Афроди огоҳ мегӯянд, аҷаб нест, агар парвандаи зидди Муқимӣ интиқоми клани ҳамчунон пурнуфузи Лоиқзодаҳо бошад.

Муқимӣ соли 2000-ум бо мукофоти давлатии ордени “Дустӣ” сарфароз гардонида шудааст. Оиладор соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button