ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДУЗДИ ЗАМОНАВӢ. ҚИСМИ 2: БОЗДОШТИ БОЗ ЯК ДУХТАРИ ТОҶИК БАРОИ ДУЗДӢ БО УСУЛИ НАВ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 23 январи соли 2023 аз ошкор шудани боз як ҳолати дуздӣ аз ҷониби як духтари ҷавон бо истифода аз технологияҳои муосир хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.


“Номбурда, 8-уми октябри соли 2022, ҳангоми дар дохили мағозаи «Билол», воқеъ дар кӯчаи Айнӣ қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ ба ҳамёни электронии «Душанбе Сити»-и марди 55-солаи сокини пойтахт ворид гардида, аз суратҳисоби номбурда 3 ҳазору 268 сомониро ба суратҳисоби ҳамёни электронии худаш интиқол додааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Нисбат ба ин духтари ҷавон парвандаи ҷиноятӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.


ВКД ҳамчунин хабар дод, ки як ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 20-уми январи соли 2023, ҳангоми дар хиёбони Рӯдакии пойтахт қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби ҷавонзани 23-солаи сокини пойтахт телефони мобилии тамғаи «Айфон-13 Промакс», арзишаш 12 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳафтаи гузашта, рӯзи 20 январ маркази матбуоти РВКД Душанбе бори аввал аз ошкор шудани шакли нави дуздӣ ва боздошти як духтари ҷавони 18-сола барои тасарруфи маблағҳо аз ҳамёни электронии шаҳрвандон хабар дода буд.

Гуфта мешуд, ки  шаҳрванд Носирова Сумая Сафаралиевна, санаи таваллудаш 06.10.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки қаблан бо ҷурми ғоратгарӣ (!!!) суд шудааст, шакли нави тасарруфи маблағҳои шаҳрвандонро аз худ намуда, бо ҳар роҳу восита рамзи ҳамёни электронии шаҳрвандонро ба телефони мобилии худ пайваст намуда, маблағҳои шаҳрвандонро ба корти бонкии худ интиқол медодааст.

Худи Сумая Носирова барои шарҳи ин қазия дастрас нест, вале ба гуфтаи мақомоти милитсия, ӯ аз ҷумла, бо ҳамин тарз ҳангоми дар дохили маркази савдои «Садбарг» қарор доштанаш бо тариқи пинҳонӣ аз ҳамёни электронии як савдогар маблағи 4 ҳазору 490 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳамин тариқ, дастгиршуда Носирова Сумая санаи 18-уми январи соли ҷорӣ аз ҳамёни электронии як корманди маркази савдои “Шоҳмансур” низ 7 ҳазору 190 сомониашро ба ҳамёни электронии худ гузаронида, ба ҷабрдида зарари калон расонидааст.

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе гуфт, баъди боздошт, аз Сумая Носирова як миқдор маблағҳои рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.

Айни замон, гумонбаршаванда Носирова Сумая дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот бо мақсади муайян намудани даст доштани номбурда дар дигар ҳолатҳои ҷиноятӣ ҷараён дорад.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон навишт, “дар натиҷаи пешрафту тараққиёти рӯзафзуни ҷамъият, муносибатҳои молиявӣ ва додугирифтҳои пулӣ низ ба шакли электронӣ гузашта истодаанд ва дар  ин замина содир гардидани ҷиноятҳои гуногун ва рабуда шудани маблағҳои шаҳрвандон низ ба чашм мерасанд. Вобаста ба ин, истифодабарандагони ҳамёнҳои электрониро мебояд, пеш аз ҳама донишҳои технологӣ ва тарзи дуруст ва бехатар истифода бурдани ҳамёни электрониро аз худ намоянд, то ба доми дуздону қаллобон наафтанд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button