ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

“АЗ ЗОНУ ПОЁНАШ НАБУД…” МАРГИ БОЗ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИК ДАР ҶАНГИ УКРАИНА

Рӯзи 19 январи соли 2023 дар зодгоҳаш, ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) Шамсиддин Қодиров 47-соларо дафн карданд. Ба қавли наздиконаш, ӯ 2 сол пеш дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир 14 сол зиндонӣ шуда буд, аммо дар ҷанги Украина кушта шуд.

Раҳмиддин Қодиров, бародари Шамсиддин Қодиров, рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар шаҳри Волгогради Русия адои ҷазо мекард ва моҳи майи соли 2022 ба ҷанги Украина бурда шудааст. Раҳмиддин Қодиров гуфт, намедонад, ин кор маҷбурӣ сурат гирифтааст ё ихтиёрӣ, аммо бародараш умед дошт, ки зуд озод мешавад. “Аввал ба писараш гуфтааст, ки ба ҷанг меравад. Мо хабардор шудем. Хоҳиш кардем, ки наравад, гӯш накард. Гуфт, шаш моҳ меҷангад ва агар зинда монад, озод хоҳад шуд. Кушта шуд,” –  нақл кардааст Раҳмиддин Қодиров.

Ба қавли бародараш, Шамсиддин Қодиров рӯзи 20-уми ноябри соли 2022 ҳалок шуда, ҷасадашро танҳо баъди ду моҳ аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд. Дар санадҳо сабаби расмии маргашро “зарба ба пой” номидаанд. “Тани бародарам дуруст буд, аммо аз зону поёни пойҳояш набуд,” – нақл кардааст Раҳмиддин Қодиров.

Бино ба хабарҳо, ба ҷалби маҳбусон барои иштирок дар ҷанги Русия Евгений Пригожин, як соҳибкори наздик ба президенти Русия Владимир Путин ва муассиси ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер”машғул аст. Пригожин, ки ӯро “ошпази Путин” ҳам ном мебаранд, маҳбас ба маҳбас гашта, ба маҳбусон ваъда медиҳад, ки дар пайи як муддати ҷангидан аз тарафи Русия ба зидди Украина метавонанд  ба афв ва озодӣ аз идомаи адои ҳукмашон ноил шаванд. Чанде пеш ӯ эълон кард, ки алакай 30 нафар аз маҳбусоне, ки дар ҷанги Украина иштирок кардаву корнамоӣ нишон доданд, афв ва озод шудаанд.

Дар зиндонҳои Русия, бино ба омори соли 2020 беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд. Дар матбуот дар бораи ба саффи нирӯҳои “Вагнер” ҷалб шудани даҳҳо маҳбуси тоҷикистонӣ аз зиндонҳои Русия низ хабарҳо нашр мешаванд. Дар се моҳи охир дар бораи кушта шудани дастикам 6 маҳбуси тоҷикистонӣ дар ҷанги Украина хабарҳо ба даст расидаанд.

Каримов Муҳаммадӣ. Ин аксҳо аз солҳоест, ки ӯ ҳанӯз боздошт ва маҳкум нашуда буд

Аз ҷумла рӯзи 10 январ дар деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб Муҳаммадӣ Каримови 46-соларо ба хок супурданд. Муҳаммадӣ Каримов, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир  дар Русия зиндонӣ шуда, дар як зиндон дар кишвари Перм адои ҳукм мекард,  низ рӯзи 28 ноябри соли 2022 дар ҷанги Украина кушта шуд. Ҷасади ӯро баъди якуним моҳ ба Тоҷикистон фиристоданд.

То имрӯз дар бораи кушта шудани дастикам 5 маҳбуси тоҷикистонӣ дар ҷанги Украина хабарҳо ба даст расидаанд.

Тақрибан ҳамзамон бо Муҳаммадӣ Каримов, дар ноҳияи Дӯстӣ Булбул Давлатшоеви 47-соларо ба хок супурданд. Давлатшоев низ  бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир аз соли 2007 дар як зиндони Санкт-Петербург адои ҳукм мекард, вале ӯ ҳам дар Украина кушта шуд.

Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 2022 дар ноҳияи Ёвон Бобоазиз Тӯйдиеви 22-соларо  ва дар ноҳияи Кӯшониён Манучеҳр Шодови 28-соларо ба хок супурданд. Ҳардуи онҳо низ дар Русия адои ҳукм мекарданд, вале дар Украина кушта шуданд. Барои чӣ маҳкум шудани Шодов рӯшан нест, вале Бобоазиз Тӯйдиев моҳи сентябри соли 2021 ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Русия ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ҳамчунин, бино ба хабарҳо, Меҳроб Раҳмонов, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар тирандозии хунин дар як машгоҳи артиши Русия дар вилояти Белгород дар моҳи октябри соли 2022 ва куштани 11 сарбоз айбдор мешуданд, то рафтан ба артиш дар як зиндон дар вилояти Брянски Русия  бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекардааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина бурдани шаҳрвандони худро то кунун ягон бор шарҳ надодаанд, вале қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони тоҷикро аз иштирок дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар ҳушдор дода, хотиррасон карда буд, ки қонунгузории Тоҷикистон барои чунин кирдор то 20 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button