ВидеоДин ва боварҳоТоҷикистон

ВИДЕО: ЯК СОКИНИ КӮШОНИЁН РАҚСУ МУСИҚИРО ДАР ТӮЙИ ПИСАРАШ ИҶОЗАТ НАДОДААСТ

Рӯзи 21 январи соли 2023 дар Интернет видеое нашр шуд, ки як сокини ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон монеи бо рақсу мусиқӣ гузаронидани тӯйи домодии писараш мешавад.

Дар сабт дида мешавад, ки домод шиму костюм дар тан ва арӯс фатаи арӯсӣ дар бар зери рақсу мусиқӣ вориди ҳавлӣ мешаванд. Вале дар ин дам як марди ришдор, ки дар тан ҷомаи тоҷикӣ дорад, бо зардаю арбада  талаб мекунад, ки рақсу мусиқиро бас кунанд ва “дигар дар инҷо чунин масхарабозӣ накунанд”. Аз баҳси ин мард бо домод бармеояд, ки ӯ падари домод аст.

Дар натиҷаи фишори ин мард рақсу мусиқӣ қатъ мешавад ва меҳмононҳо низ пароканда мегарданд, вале ӯ ҳамчунон изҳори норозигӣ мекунад, ки бо вуҷуди аз пеш талабу шарт гузоштани вай, ки ба ин кор роҳ надиҳанд, боз ҳам писараш сухани падарро шикаста, навозандагонро ба тӯй даъват кардааст.

Бархе дар зери ин видео навиштаанд, ки ин манъкуниии рақсу мусиқӣ дар тӯю хурсандӣ бӯи Толибон мекунад. Гуруҳи дигар бар инанд, ки ин мард ҳамчун як нафари мазҳабӣ намехост, ки тӯи писараш бо рақсу мусиқӣ гузарад ва зану мард дар тӯй якҷо бошанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, марде, ки рақсу мусиқиро дар тӯйи писараш иҷозат надод, домулло Абдулҳаннон ном дошта, дар деҳаи Коминтерни ноҳияи Кӯшониён зиндагӣ мекунад.

Ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, писари домулло Абдулҳаннон ваъда дода будааст, ки тӯйро тибқи фармудаи падараш доир мекунад, вале вақте ки ӯ аз хона баромада, куҷое меравад, инҳо ба рақсу мусиқӣ сар мекунанд. Инро касе ба домулло хабар мерасонад ва ӯ аз ними роҳ ба хона баргашта, ба қавли маъруф, тӯйро “клет” мекунад.

Бино ба иттилои расман тасдиқношуда, баъди ин қазия домулло Абдулҳаннон аз ҷониби мақомот мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст. Ҳатто як акси ӯ низ дар Интернет нашр шуд, ки  дар он домулло Абдулҳаннон дар кадом як идораи давлатӣ дар паси миз сабт шудааст. Вале то кунун дар ин бора ягон тасдиқ ё иттилои расмие дар даст нест ва рӯшан нест, ки ӯро дар ҳақиқат боздошт кардаанд ваё танҳо пурсуҷӯ шудааст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button