ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ ҶАНГҶӮ(ЁН)И ТОҶИК ДАР ЭРОН БО ИТТИҲОМИ ОМОДАГӢ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ

Мақомоти амниятии устони Систону Балуҷистон аз нобуд кардани ду гуруҳи ҷангҷӯёни созмони террористии “ДОИШ” дар ин минтақаи воқеъ дар ҷануби шарқи Эрон хабар доданд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, ин ҷангҷӯён, ки дар байнашон зодагони Афғонистон ва Тоҷикистон ҳам буданд, қасди ба ҳам задани субот дар ҷанубу шарқи Эронро ба ҳадаф доштанд. Ин мақомот нагуфтаанд, ки чанд ҷангҷӯ, аз ҷумла чанд тан аз атбои Тоҷикистон дастгир шуданд?

Хабаргузории нимарасмии эронии “Меҳр” рӯзи 21 январи соли 2023 аз қавли дафтари иттилооти устони Систону Балуҷистон хабар дод, ки ин ду гуруҳи ҷангҷӯёнро нирӯҳои ду воҳиди вижи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ: “Сарбозони беноми Имоми замон” ва “Қудс” аз байн бурдаанд.

Кай ва дар куҷо сурат гирифтани ин амалиётҳо маълум нест, вале мақомоти амниятии Эрон иддао кардаанд, ки ин ҷангҷӯён бо дастури як шабакаи иборат аз кишварҳои Ғарб, кишварҳои арабӣ ва Исроил фиристода шуда, “яке аз ҳадафҳояшон гаравгон гирифтани атбои хориҷӣ ва тоҷирон дар Чобаҳор буд”. Ба иддаои дафтари иттилооти устони Систону Балуҷистон, “аз баёноти аъзои ин гуруҳҳо, ки дар байнашон шаҳрвандони Афғонистону Тоҷикистон ҳам ҳастанд, бармеояд, ки онҳо барномаи густардае ҷиҳати ба ҳам задани субот дар ҷанубу шарқи Эронро ба ҳадаф доштанд”.

Ба фарқ аз аксари устонҳои дигари Эрон, ки аксари аҳолияш пайравони мазҳаби шиъа мебошанд,  устони Систону Балуҷистон як макони умдаи сукунати пайравони мазҳаби суннӣ ба шумор меравад. Маркази ин вилоят Зоҳидон ва  ҳамин тавр, шаҳрҳои дигари бузургаш, чун Зобул, Ироншаҳр ва Чобаҳор (номи қаблиаш Бандари Биҳиштӣ) аз марказҳои асосии аҳли суннат ва ҷамоат дар Эрон ба шумор мераванд.

Чобаҳор

Дар моҳҳои охир инак бори дуюм аст, ки зодагони Тоҷикистон дар Эрон ба амалҳои террористӣ айбдор мешаванд.

Қаблан мақомоти амниятии Эрон изҳор доштанд, ки як тан аз омилони ҳамлаи хунин болои зоирони шиъа дар мазори дар шаҳри Шероз дар таърихи 26 октябри соли 2022, ки дар он ҳамла 15 нафар кушта шуданд, шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Комрони Субҳон будааст. Комрони Субҳон 5 июни соли 1999 дар кӯчаи Румии шаҳри Ҳисор ба дунё омада, ба гуфтаи наздиконаш, 3 сол пеш барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта буд ва бори охир моҳи августи соли 2022 бо наздиконаш тамос гирифтааст. Онҳо аз ин ки Комрон чӣ гуна ба гуруҳҳои тундрав пайваста, барои анҷоми ҳамлаи террористӣ ба Эрон рафтааст, изҳори бехабарӣ мекунанд.

Комрони Субҳон (аз тарафи рост)

Вақтҳои охир аз Афғонистон низ дар бораи даст доштани ҷангҷӯёни зодаи Тоҷиктстон дар ҳамлаи террористӣ аз номи ДОИШ дар кишварҳои гуногун хабарҳои зиёд ба даст мерасанд.

Дар чанд ҳамла ба масҷидҳои шиаҳо дар Афғонистон исми ҷангҷӯёни тоҷик бурда шуд. Ҳамин тавр, сиёсатмадори баҳсбарангези афғон Гулбуддин Ҳикматёр низ сӯиқасд ба ҷонаш дар аввали моҳи декабрро кори дасти ду ҷангҷӯи тоҷикистонӣ номида буд.

Ҳамин тавр, пулиси Туркия шаби 31 декабр ду ҷангҷӯи ДОИШ: шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон К.З.И. ва А.М.-ро замоне дастгир кард, ки қасди дар шаби Соли нав анҷом додани ҳамлаи хунини террористиро дар сар доштанд. Шаҳрванди Тоҷикистон К.З.И., ки дар байни ҷангҷӯёни ДОИШ бо лақаби “Абу Маймун” маъруф будааст, ба ҳабс гирифта шудааст. Нисбат ба шаҳварнди Ӯзбекистон А.М. раванди ихроҷ аз Туркияро шурӯъ кардаанд.

Дар бораи шахсияти “Абу Маймун” то ин лаҳза маълумоти зиёде дастрас нест. Бино ба маълумоти бадастовардаи пулиси Туркия, “Абу Маймун” дар сохторҳои ДОИШ дар Афғонистон мутахассис оид ба маводи тарканда ба шумор мерафтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button