ВидеоҶомеа

ЯК ШАВҲАРИ БАДҶАҲЛ ДАР НОҲИЯИ ҒАФУРОВ ҲАМСАРАШРО ЗИНДА БА ЗИНДА ОТАШ ЗАДААСТ

Як сокини 25-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қаблан ҳам барои авбошӣ маҳкум шуда буд, баъди ҳамагӣ 4 моҳи зиндагӣ бо ҳамсари 23-солааш муноқиша карда, аз сари хашму ғазаб ба сару рӯю гардани завҷаи ҷавонаш сӯзишвории дизелӣ рафта, ӯро оташ задааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 21 январи соли 2023 хабар дод, ки ин ҳодиса рӯзи 9 январ рух додааст. Бино ба иттилои ин ниҳод, нисбат ба  ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бар асоси қисми якуми моддаи 110 парвандаи нави ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

ВКД гуфт, ин ҷавон 25-уми сентябри соли 2022 дар асоси ақди никоҳи мусулмонӣ бо ҷавонзани 23-солаи сокини ҳамин ноҳия оила барпо намуда, 9-уми январи соли 2023 бино бар дар ҳолати мастӣ қарор доштан байнашон ҷанҷол ба миён омадааст, ки дар натиҷа ӯ сӯзишвории дизелиро ба сару гардани ҳамсараш рехта, ӯро оташ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Тафсилоти дигари ин ҳодисаи даҳшатбор дастрас нест. ВКД гуфт, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ба ин шавҳари бадҷаҳл ҳамчун ҷазо барои қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад, ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи азобу уқубати бераҳмона ва ҳатто куштани ҳамсарон аз сӯи шавҳарони онҳо хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангинро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл меноманд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button