ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДУЗДИ ЗАМОНАВӢ: БОЗДОШТИ ДУХТАРИ 18-СОЛАИ ТОҶИК БАРОИ ИХТИРОИ ШАКЛИ НАВИ ДУЗДӢ (АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи 20 январи соли 2023 аз ошкор шудани шакли нави дуздӣ ва боздошти як духтари ҷавони 18-сола барои тасарруфи маблағҳо аз ҳамёни электронии шаҳрвандон хабар дод.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон менависад, “дар натиҷаи пешрафту тараққиёти рӯзафзуни ҷамъият, муносибатҳои молиявӣ ва додугирифтҳои пулӣ низ ба шакли электронӣ гузашта истодаанд ва дар  ин замина содир гардидани ҷиноятҳои гуногун ва рабуда шудани маблағҳои шаҳрвандон низ ба чашм мерасанд. Вобаста ба ин, истифодабарандагони ҳамёнҳои электрониро мебояд, пеш аз ҳама донишҳои технологӣ ва тарзи дуруст ва бехатар истифода бурдани ҳамёни электрониро аз худ намоянд, то ба доми дуздону қаллобон наафтанд.”

Аз ҷумла кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, дар натиҷаи баррасии арзу шикояти шаҳрвандон, як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ намуда, як духтари  ҷавонро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд.

Ин нафар, шаҳрванд Носирова Сумая Сафаралиевна, санаи таваллудаш 06.10.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад, ки қаблан бо ҷурми ғоратгарӣ (!!!) суд шудааст.

Худи Сумая Носирова барои шарҳи ин қазия дастрас нест, вале ба гуфтаи мақомоти милитсия, ӯ шакли нави тасарруфи маблағҳои шаҳрвандонро аз худ намудааст ва бо ҳар роҳу восита рамзи ҳамёни электронии шаҳрвандонро ба телефони мобилии худ пайваст намуда, маблағҳои шаҳрвандонро ба корти бонкии худ интиқол медодааст.

Аз ҷумла, бо ҳамин тарз ҳангоми дар дохили маркази савдои «Садбарг» қарор доштанаш бо тариқи пинҳонӣ аз ҳамёни электронии як савдогар маблағи 4 ҳазору 490 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳамин тариқ, дастгиршуда-Носирова Сумая, санаи 18-уми январи соли ҷорӣ аз ҳамёни электронии як корманди маркази савдои “Шоҳмансур” низ 7 ҳазору 190 сомониашро ба ҳамёни электронии худ гузаронида, ба ҷабрдида зарари калон расонидааст.

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе гуфт, баъди боздошт, аз Сумая Носирова як миқдор маблағҳои рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.

Айни замон, гумонбаршаванда Носирова Сумая дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот бо мақсади муайян намудани даст доштани номбурда дар дигар ҳолатҳои ҷиноятӣ ҷараён дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button