ВидеоИқтисодИлму фанноварӣ

ОҒОЗИ ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ ТОҶИКӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (7 АКС)

Хабари оғози истеҳсоли телефони мобилии Vira дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Ба хабарнигори “Азия Плюс” Фозилҷон Фатҳуллоев  муяссар шуд, ки аз коргоҳи истеҳсоли нахустин телефони мобили тоҷикӣ боздид намуда, бо нашри 7 акс аз онҷо гузорише тҳия кунад.

Бино ба гузориши “Азия Плюс”, телефони мобилии дорои ду симкорти Vira аллакай ду моҳ инҷониб бо тамғаи “Made in Tajikistan” дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад. Ин тамға (бренд) ба ҶДММ “Ориён элекрони” тааллуқ дорад.

Чанд рӯз пешдар шабакаҳои иҷтимоӣ  хабарҳо дар бораи истеҳсоли телефонҳои мобилии ватанӣ пайдо шуданд. Дар вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва дар доираҳои тиҷоратии кишвар бо як овоз гуфтанд, ки дар ин бора бори аввал мешунаванд.

Баъди нашри ин хабар, истеҳсолкунанда худаш бо “Азия Плюс” тамос гирифта, дар бораи маҳсулоташ маълумот додааст.

Истеҳсолкунанда мегӯяд, номи телефон форсист ва дар забони форсӣ калимаи “виро” (Vira) синоними калимаи зирак буда, ёдгирандаи ҳушёр, омӯзандаи хушзеҳн маъно дорад.

Модели аввали телефони “Vira Model V1”-и Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъу васл ва сохта мешавад. Қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар лавозимоти телефон аз Таиланд, Корея, Чин, Тайван ва дигар кишварҳо дастрас мешаванд.

 “Чанде пеш ба фурӯши Vira  дар Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) ва “Садбарг” оғоз кардем. Минбаъд мехоҳем дар дигар минтақаҳои ҳам фурӯши онро ба роҳ монем. Ҳар сол навсозии модификатисия (навъҳо) ва истеҳсоли се модели нави телефони Vira-ро дар нақша дорем. Шояд то соли 2024 ё пештар аз он аллакай телефон бо экрани сенсориро истеҳсол кунем”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” раҳбари ширкати “Ориён электрони” Даниел Ҳусейнӣ.

Ӯ дар бораи нархи телефон маълумот надода, зикр кардааст, ки ҳоло онҳо бозорро омӯхта истодаанд ва аз ин рӯ, нарх метавонад тағйир ёбад.

Хусусиятҳои техникӣ

Ба хабарнигори “Азия-Плюс” муяссар шуд, ки аз коргоҳи истеҳсолӣ боздид намуда, бо ҷараёни ҷамъу васл ва сохтани телефон шинос шавад.

Телефон дар заминаи низоми амалиётии Java бо хотираи насбшудаи 100 мегабайт истеҳсол мешавад. Ба он метавон 32 гигабайит флеш-хотираи иловагӣ насб намуд.

Дорои камераи 1,3 мегапиксел аст. Бо ёрии ин телефон бидуни пайвасти лавозимот ва интернет метавон радио гӯш кард.

Гузашта аз ин, телефонҳои оддии муосири тугмадор дорои қувваи стандартии 800 мегампер мебошанд, ки имкон медиҳад телефонро тақрибан 2-3 рӯз истифода кард, Vira бошад, 1200 мегампер дорад, ки имкон медиҳад бидуни пуркунии иловагӣ (зарядка), онро тақрибан 4-5 рӯз истифода бурд.      

Стандарти алоқа: 2G то 1900 mhZ (мегагертс)-и басомад.

Интерфейс ва низоми амалиётии телефон бо 4 забон – англисӣ, форсӣ, туркӣ ва русӣ сохта шудааст, чунки минбаъд ширкат ният дорад, ки содироти маҳсулоти худро ба роҳ монда, ба дигар бозорҳои хориҷӣ роҳ ёбад.

Дар ширкат хабар доданд, ки дар муқоиса бо аксари телефонҳои сенсорӣ, ки дар ҳарорати паст хомӯш мешаванд ё аз кор мебароянд, Vira-и ватанӣ ҳатто дар ҳарорати -30 дараҷа дуруст кор мекунад.

Ширкат ба сифат ва кори дурусти телефон як сол кафолат медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button