ВидеоСиёсат

ИДОМАИ ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: БАРКАНОРИИ РАҲБАРОНИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ВА ХАБАРГУЗОРИИ “ХОВАР” ВА…

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 январи соли 2023 дар сохторҳои ҳукумат боз чанд тағйироти кадрӣ анҷом дода, аз ҷумла роҳбарони чанд идораи давлатиро ба сабаби расидан ба синни нафақа ва қисми дигарро ба сабаби ба кори дигар гузаштан барканор кард.

Бо ҳамин сабаби ба нафақа баромадан Саидалӣ Сиддиқ аз мақоми раҳбари хабаргузории давлатии “Ховар”, Шаҳлобону Нӯъмон аз мақоми муовини мудири Осорхонаи миллӣ ва Бобохон Баротзода аз вазифаи мудири Агентии меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ озод карда шуданд.

Тоҳир Каримзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақоми сардори Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  ва Дӯстмурод Муродзода аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ озод карда шуданд. Ба кадом кори дигар гузаштани онҳо ҳанӯз маълум нест, вале Давлатзода Қиёмиддин билофосила баъди барканориаш аз мақоми муовини раиси Агентии омор муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъйин карда шудааст. Ҳафтае қабл  раиси Агентии омор Гулнора Ҳасанзода вазири меҳнату муҳоҷират таъйин шуда буд.

Ҳамин тавр, рӯзи 19 январ Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио озод карда шуда, билофосила раҳбари хабаргузории “Ховар” таъйин гардид.

Ҳамчунин рӯзи 19 январ Нодирзода Иматшо сардори Хадамоти муҳоҷират, Маҳмадзода Сафаралӣ сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Ашурализода Абдураҳмон директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.

Ба ин тартиб, дар чанд рӯзи охир қариб ҳамаи роҳбарони вазорати меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барканор шуданд.

Ёдовар мешавем, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 январ Ширин Амонзода,ҷавонтарин узви ҳукуматро, ки аз моҳи ноябри соли 2020 раҳбарии вазорати меҳнату муҳоҷиратро бар дӯш дошт,  ҳамроҳи ду муовинаш аз мақом барканор кард.

Ширин Амонзода аз вазирони хушноми ҳукумати кунунӣ ба шумор мерафт ва сабаби чунин зуд, баъди ҳамагӣ ду соли кор барканор шудани ӯ ҳамроҳ бо тақрибан ҳамаи роҳбарияти ин вазорат то ҳол барои ҷомиа норӯшан боқӣ мемонад.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2023 №19
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии
миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сиддиқ С.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2023 №20
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Каримзода Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Каримзода Тоҳир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2023 №21
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти назорати
давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Муродзода Д.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Муродзода Дустмурод Ҳайит бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2023 №22
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии
меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Баротзода Б.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Баротзода Бобохон Хол бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2023 №23
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи
телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Шамсиддинзода С.Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2023 №24
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатзода Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Давлатзода Қиёмиддин муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2023 №25
ш. Душанбе

Дар бораи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин
намудани Ашурализода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2023 №26
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Хадамоти назорати
давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин
намудани Маҳмадзода С.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Маҳмадзода Сафарали Маҳмад сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2023 №27
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани
Нодирзода И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Нодирзода Иматшо сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2023 №28
ш. Душанбе

Дар бораи директори Агентии
миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шамсиддинзода С.Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Давлатзода Қиёмиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
19 январи соли 2023
№АП-326

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нӯъмон Шаҳлобону бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
19 январи соли 2023
№АП-327

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи гузаронидани интихоботи
машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1. Интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 1 то 14 феврали соли 2023 гузаронида шавад.

2. Ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар мувофиқа бо раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудуди онҳо қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинигардида ҷойгир мебошанд, дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 фармони мазкур гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳоро мутобиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
19 январи соли 2023
№522

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button