ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ХАТАРИ ТАРМАФАРОӢ ДАР РОҲҲОИ КӮҲИСТОН КАМАШ ТО 20 ЯНВАР БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар навоҳии кӯҳистон, ҳамчунин дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад. Ҳамчунин дар натиҷаи гармии рӯзона ва об шудани барфҳо сардии шаб боиси яхбандӣ дар роҳҳо мешавад.

Аз ин рӯ, аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунем дар ин рӯзҳо аз раву дар қитъаҳои хатарноку осебпазир ба қасди ҷамъоварии ҳезуму роҳандозии корҳои дигар худдорӣ намоянд. 

КҲФ ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки агар сафар зарур шуд, бояд аввал мошини худро аз назар гузаронанд, чархҳои фарсударо бо нав иваз кунанд, ҳама лавозимоти барои ин рӯзҳо зарурро бо худ бигиранд. 

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳои сарду тармахез басо эҳтиёткор бошанд!

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин Афғонистону қисматҳои дигари минтақа инак тақрибан 10 рӯз боз дар панҷаи сардиҳои шадиди барои ин қаламрав ғайримуқаррарӣ қарор доранд.  Дар ин шабу рӯз бар асари яхбандон ва фурӯрезии тармаҳо, бисёре аз роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон муваққатан баста мешуд. Вазъият бахусус дар роҳи Душанбе – Хуҷанд, ягона роҳи заминии байни шимоли Тоҷикистон ва қаламрави боқимондаи ин кишвар, хатарнок буд. Дар ин шоҳроҳ тақрибан ҳар рӯз то чанд тарма фурӯ мерехт ва ҳар рӯз ин роҳ барои чанд соат баста мешуд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам маҷбур шуд, ки ба иллати сардӣ муҳлати таътили зимистонаро, ки 10 январ ба поён мерасид, аввал то 16 январ ва сипас то 20 январ тамдид кунад.

Ҳавошиносон мегӯянд, сардиҳо дар Тоҷикистон метавонанд камаш то 25 январ давом кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button