ВидеоДин ва боварҳоСиёсатҲуқуқи инсон

ОЛМОН ФАРЗАНДИ ЯКЕ АЗ РОҲБАРОНИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИКРО ИХРОҶ КАРД

Мақомоти Олмон рӯзи 18 январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯи тоҷик ва фарзанди яке аз роҳбарон ва асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Шамсиддини Саидро, ки чанд соли охир дар Олмон ба сар мебурд, ихроҷ кардаанд. Абдуллоҳи Шамсиддин аз моҳи декабр дар як боздоштгоҳ дар канори шаҳри Дюсселдорф қарор дошт.

Шамсиддини Саид, падари Абдуллоҳ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт: “Мақомот гуфта буданд, ки имрӯз, 18 янвр муҳлати будубоши Абдуллоҳ дар ин боздоштгоҳ ба поён мерасад ва ӯро бояд ё ихроҷ кунанд, ё ҷавоб диҳанд.  Бино ба иттилое, ки мо, мутаассифона, каме дертар гирифтем, Абдуллоҳро субҳ аз боздоштгоҳ ба фурудгоҳи Дюсселдорф бурда, ба ҳавопаймои ширкати “Туркиш Эйрлайнз” савор карда, ба Истанбул фиристодаанд. Шоми имрӯз, 18 январ, аз Истанбул як парвози “Туркиш Эйрлайнз” ба Душанбе ҳам ҳаст ва мо нигарони онем, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд”.

Мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддинро рӯзи 12 декабри соли 2022 аз манзилаш дар шаҳри Дортмунд гирифта, ҳамон рӯз ба фурудгоҳи шаҳри Мюнхен оварданд, то ки ба Тоҷикистон ихроҷаш кунанд. Шоми ҳамон рӯз аз Дортмунд ба Душанбе ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” парвози мустақим анҷом медод. Аммо бо кадом сабаби номаълум, рӯзи 12 декабр ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин сурат нагирифт ва ӯро аз Мюнхен ба Дюсселдорф оварда, дар як боздоштгоҳи муҳоҷироне, ки бояд аз Олмон ихроҷ шаванд, ҷой карданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то кунун хабарҳо дар бораи эҳтимоли аз Олмон ба Душанбе ихроҷ шудани фарзанди яке аз раҳбарони оппозитсияро шарҳ надодаанд.

Абдуллоҳи Шамсиддин дар Дортмунд ҳамроҳи зану ду фарзандаш зиндагӣ дошт ва дар як ширкати насби дарҳои электронӣ кор мекард. Шамсиддини Саид гуфта буд, писараш ба фарқ аз худи ӯ аслан ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва оппозитсионӣ машғул набуд ва дунболи зиндагии худ буд.

Намояндагони мухолифини тоҷик аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ба Абдуллоҳи Шамсиддин дар Тоҷикистон ба далели фаъолиятҳои оппозитсионии падараш метавонад азобу шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид кунад. Онҳо аз ҷумла Ҳизбулло Шовализода ёдовар мешаванд, ки моҳи феврали соли 2020 аз Австрия ба Душанбе истирдодаш карданд ва ӯ баъди чанде дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум гардид.

Шамсиддини Саид ҳанӯз дар поёни солҳои 80 ба саффи ҲНИТ, ки он вақт “наҳзати ҷавонони Тоҷикистон” ном дошт, пайваст ва соли 1986 барои иштирокаш дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо талаби раҳоии асосгузори ин ҳаракат Саид Абдуллоҳи Нурӣ дастгир ва маҳкум ба зиндон шуд.  Соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва то соли 1997 дар Теҳрон ба ҳайси намояндаи Нурӣ фаъолият дошт.

Баъди имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва оппозитсия Шамсиддини Саид ба Тоҷикистон баргашт ва чандин сол умури равобити байналмилалии ҳизби наҳзатро дар дафтари ҲНИТ дар Душанбе бар уҳда дошт ва узви раёсати ҳизб буд. Соли 2015, дар пайи манъи дигарбораи фаъолияти ҲНИТ Шамсиддин Саид  ба Аврупо паноҳ овард.

Баъди соли 2015 садҳо нафар аз роҳбарон ва тарафдорони ҲНИТ ба кишварҳои Аврупо паноҳ бурданд ва ҳоло ин ҳизби оппозитсионӣ асосан дар Аврупо амал мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button