ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсонҶомеа

ДИКТАТУРАИ ХУШДОМАН (2 ВИДЕО)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду сабти видеоие мечархад, ки дар он тарзи хеле бади муносибат, балки ҳатто зулму ситами аҳли хонавода нисбат ба келини ин хонадон намоиш дода шудааст. Бадрафторӣ нисбат ба келин ба андозаест, ки ӯ ҳатто ҳақ надорад бидуни иҷозати хушдоман ва хоҳари шавҳараш ягон ғизо, ҳатто ягон пора нон бихӯрад.

Дар як видео келин як пораи нони шикаста дар дасташ ба хушдоману хоҳари шавҳараш “ҳисобот” медиҳад, ки аз ин пораи нон танҳо як лабашро шикаста хӯрдааст ва дигар даст нарасондааст.

Др навори дуюм хушдоман Б.Х. ҳамроҳи духтараш худашон келинро ба навор гирифта, қасам медиҳанд, ки фалону фалон корҳоро накунад. Келини бечора, ки ашк дар ин лаҳзаҳо гулӯгираш мекунад, як як аз паси хушдоман такрор мекунад, ки ин корҳоро ҳеҷ гоҳ намекунад.

Аҷаб он аст, ки дар лаҳзаи сабти навор дар он хона марди хонавода (зоҳиран хусури ин келин) ҳам ҳузур дорад, вале дахолат намекунад. Хоҳари шавҳараш бошад ин лаҳзаҳои паст задани шаъну эътибори келинашонро бо хандаву масхара бо телефон ба навор мегирад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин келин аз ҷамоати Сурхи Исфара буда, модар надоштааст ва ӯро ба маҳаллаи Какири ҷамоати Чоркӯҳ ба як ҷавони гунг ба шавҳар додаанд. Модарандари ин духтар  аз дидани ин сабтҳо ба ваҳшат омада, ба мақомот арз кардааст, то нисбат ба ин “диктатураи хушдоман” ё “дедовшинаи хушдоман” чораҳои қонунӣ бияндешанд.

Ному насаби пурраи хушдоман Б.Х. дар ихтиёри идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳаст, вале феълан аз нашраш худдорӣ мекунем.

Шикоятҳо аз зулму ситами хушдоманҳо ва дигар хешу табори шавҳар нисбат ба келинҳо ва  аз дахолати аъзои хонаводаи шавҳар ба ҳаёти оилавии ҷуфтҳои ҷавон дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. Ин зулму ситам ва дахолатҳо дар ҳазорон маврид сабаби муноқишаҳои оилавӣ ва хонавайронии оилаҳои ҷавон шуда, дар садҳо маврид келинҳои беҳуқуқро то ба худкушӣ расондааст.

Барои ҳалли ин масъала дар таркиби ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳар шаҳру ноҳияву вилоят кумитаю раёсату шуъбаҳои махсуси занон ва оил таъсис додаанд, вале то кунун ин падидаи бад: зулму ситам нисбат ба келини хонавода дар кишвар ҳалношуда боқӣ мондааст.

Дар пайи тамошо ин видео низ даҳҳо нафар аз мақомот хостаанд, то нисбат ба ин хушдоман барои чунин бадрафторӣ нисбат ба келинаш чора бияндешанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button