АфғонистонВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

ТОЛИБОН ДАР ВАРЗИШГОҲИ ҚАНДАҲОР ДАР ПЕШИ ЧАШМИ МАРДУМ ДАСТИ 4 НАФАРРО БУРИДААНД

Манобеи сомонаи хабарии ”8-и субҳ” дар Қандаҳор аз муҷозоти 9 нафар дар мазҳари ом хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, рӯзи 17-уми январи соли 2023  мақомоти “Толибон” дар варзишгоҳи марказии ин вилоят дасти 4 нафарро буридаанд.  Ба гуфти шоҳидон, ин нафаронро “Толибон”  дар дуздӣ айбдор дониста, чунин ҷазоро нисбат ба онҳо раво дидаанд.

Ҳамчунин дар ин варзишгоҳ “Толибон” 5 муттаҳами дигарро, бо шумули занон, бо иттиҳоми “равобити ғайришаръӣ” ваё “равобити пеш аз издивоҷ”  шаллоқ задаанд. 

Ин бори аввал аст, ки “Толибон” дар Қандаҳор, маркази ҳукмронии онҳо ва маҳалли зисти роҳбари ин гурӯҳ, дастони муттаҳамонро дар ҳузури ом мебурданд.

Дар ҳамин ҳол, манобеъ аз вилояти Бадахшон низ мегӯянд, ки “Толибон” 17-уми январи соли 2023, як духтар ва як писарро дар маркази вулусволии Шаҳдой бо иттиҳоми “доштани робитаи пеш аз издивоҷ” дар пеши чашми мардум, ҳар нафари онҳоро 38 дарра (шаллоқ) задаанд.

Вақтҳои охир аз Афғонистон дар бораи ҳаракатҳое аз ҷониби “Толибон” гузориш мешавад, ки  ин гуруҳро дигарбора дар чашми ҷаҳониёни як гуруҳи ҷоҳил ва комилан дур аз арзишҳои умумибашарӣ намоиш медиҳад.

Аз ҷумла “Толибон” ҳафтае пеш дар шаҳри Мазори Шариф муҷассамаи аспҳоро вайрон карда буданд. Дар ин муҷассамаи дар даврони  волии Балх будани Атомуҳаммади Нур сохташуда лаҳзае аз бузкашӣ, як бозии пуртамошобин дар Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тасвир шуда буд. Расонаҳои маҳаллӣ ба нақл аз масъулини “Толибон” дар Балх гузориш доданд, ки “ин муҷассама “бо далоили шаръӣ” вайрон карда шудааст”.

“Толибон” аз ин пеш “Муҷассамаи модар”-ро низ дар Донишгоҳи Кобул тахриб карда буданд. 

Инчунин ин гурӯҳ дар Кописо ба як маросими арӯсӣ ҳуҷум карда, домод ва се узви хонаводаи ӯро ба ҷурми баргузор карадани “маросими ширинихӯрӣ” латукӯб карда, ғизоҳои  барои ин тӯй таҳияшударо бо худ бурдаанд.

Имоми масҷиди Кописо дар намози ҷумъа гуфтааст, ки “баргузории маросими номзадӣ,  ширинихӯрӣ, идӣ,  баротӣ, чоштӣ, ҳафтагӣ, солгарди таваллуд, шаби ҳино, ойинаи мусффо ва инчунин рафтан ба ороишгоҳ, рафтан ба моҳи асал мамнӯъ аст”. 

 Ин амалҳо бар иловаи манъи таҳсили духтарон ва шадидан маҳдуд кардани имкони кор барои занон дар Афғонистон аз сӯи “Толибон” аст, ки низ ба мавҷи интиқодҳо рӯбарӯ шудааст.

“Толибон” пас аз ғасби якуми ҳукумат аз соли 1996 то соли 2000 дар саросари Афғонистон ба таври пайваста дар ҷойҳои серодам, мисли бозорҳо, маҳбусони мардро ба дор мекашиданд ва занҳоро сангсор мекарданд.

Баъди дубора ба сари қудрати сиёсӣ омаданашон “Толибон” дар рӯзҳои аввал гуфта буданд, ки “аз “Толибон”-и солҳои 90 фарқ доранд ва дигар он амалҳои ваҳшатнок моли таърих шуд”.

Аммо тӯли якуним соли сипаришуда бо ҳукумати  толибонӣ, дар Афғонистон пайваста муҳокимаҳои саҳроӣ, мисли дастбурриву шаллоқу сангсор аз сӯи аъзои “Толибон” сурат мегирад.

Дар ҷавоб ба ин амалҳои “Толибон” ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шахсони шинохтаи Афғонистон борҳо онҳоро сарзаниш кардаанд, вале “Толибон” мегӯянд, ки онҳо дар “чаҳорчӯбаи исломӣ” амал мекунанд ва касоне, ки бо ин рафтори онҳо мувофиқ нест, бо Ислом мушкилӣ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button