ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ҚИРҒИЗИСТОН АЗ ТУРКИЯ ДРОНҲОИ МУОСИРИ “АНҚО” ХАРИДААСТ

Қирғизистон аз Туркия дрон (беспилотник), ё ҳавопаймоҳои бесарнишини тамғаи “Анқо” харидааст, ки тӯли қанотҳояшон то 17,5 метр бурда, онҳо метавонанд дар баландии беш аз 9 километр парвоз кунанд. Дар ин бора рӯзи 17 январи соли 2023 дар Фейсбук мудири шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон Дойирбек Орунбеков хабар дод.

Ӯ менависад: “Қирғизистон  техникаи ҳарбии муосири қаблан гӯшношуниди мудофиаи зиддиҳавоӣ – “Байрақдор”, “Оқсунғур”, “Оқинҷӣ” ва “Aнқо” харида, ба кишвар ворид кард”.

Орунбеков теъдоди ин ҳавопаймоҳои бесарнишини аз ҷониби Қирғизистон харидоришударо нагуфт, вале хабар дод, ки барои харидории ин аслиҳаи муосир аз ҷумла пулҳоеро сарф кардаанд, ки аз ҳисоби қатъи пардохти мукофоти семоҳа ба кормандони давлатӣ сарфа шуда буд.

Орунбеков ба ин далел аз кормандони давлатӣ хост, ки агар мукофот нагирифтанд, аз раисони худ хафа нашаванд, чунки ин пулҳо барои тақвияти иқтидои мудофиавии мамлакат равона шудаанд.

Дойирбек Орунбеков менависад:

«Ҳамкоронам аз хадамоти давлатӣ!

Қарори маълум, пардохти мукофоти семоҳае, ки кормандони давлатӣ мегирифтанд, аз поёни соли гузашта муваққатан қатъ карда шудааст. Ҳуумат ба кадом далел додани ин мукофотро боздошт? Баъди задухӯрдҳо дар Бодканд таваҷҷуҳи вижа ба Қувваҳои мусаллаҳ ва амният равона шудааст. Мукофоте, ки ба кормандони давлатӣ дода мешуд, ҳоло ҳамчун саҳми онҳо барои таҳкими амнияти давлати мо равона мешавад. Қирғизистон  техникаи ҳарбии муосири қаблан гӯшношуниди мудофиаи зиддиҳавоӣ – “Байрақдор”, “Оқсунғур”, “Оқинҷӣ” ва “Aнқо” харида, ба кишвар ворид кард. Метавон гуфт, кормандони давлатӣ бо ин ки муваққатан мукофот намегиранд, як саҳми ҳадди ақал ночизе дар таҳкими амнияти кишвар мегузоранд”.

Мақомоти Қирғизистон қаблан хабар дода буданд, ки аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини тамғаҳои “Байрақдор”, “Оқсунғур” ва “Оқинҷӣ” харида, дар ихтиёри нирӯҳои марзбонӣ гузоштаанд. Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки ин дронҳо асосан ба вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканд фиристода мешаванд.

Ҳавопаймоҳои бесарнишини “Анқо” аз насли нави дронҳо ба шумор рафта, тӯли қаноташ 17,5 метр, дарозиаш 8,6 метр ва баландиаш  3,2 метр аст. Вазни ин дрон 1,7 тонна буда, он метавонад то 350 кило бор бигирад ва то 30 соат парвоз кунад. Суръати ҳаракати “Анқо” 200 километр дар як соат буда, он метавонад дар баландии беш аз 9 километр парвоз кунад.

Дар ҷараёни муноқишаи хунини моҳи сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 140 кушта ва 750 захмӣ ба ҷо гузошт, Қирғизистон ба таври фаъолона аз дронҳои аз Туркия харидааш истифода бурд. Дастикам ду ҳамлаи пурқурбонӣ ба иншооти мулкӣ: ба як мактаб ва масҷид дар ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки боиси ҳалокати 18 сокини мулкӣ шуд, аз ҷониби Қирғизистон бо ҳавопаймоҳои бесарнишин анҷом шуда буд.

Баъди муноқишаи моҳи сентябр бисёриҳо дар Тоҷикистон аз мақомоти ҳарбии ин кишвар интиқод карданд, ки ба фарқ аз ҷониби Қирғизистон ҷиҳати тақвияти таслиҳоти қувваҳои мусаллаҳ бо силоҳҳои муосир, аз ҷумла бо ҳавопаймоҳои бесарнишин коре накардаанд ва то ҳол ба силоҳҳои ба истилоҳ “бобоӣ”, ба мисли автомати Калашников, БТРҳои шалақ ва камонҳои шикорӣ такя мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button