Як сокини Ӯзбекистон ончунон мухлиси ашаддии футболбози тими миллии Фаронса ва бошгоҳи “Пари Сен Жермен” Килиан Мбаппе буда, ки писари навзодашро ба шарафи футболбози маҳбуби худ ном гузоштааст.
Тибқи гувоҳномаи таваллудаш, ки идораи ЗАГСи ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон рӯзи 16 январи соли 2023 додааст, Қувондиқов Мбаппе Элмуродович 14 январи соли 2023 ба дунё омадааст.
Онки падараш алакай баъди ду рӯзи таваллуди Мбаппе барои гирифтани гувоҳномаи ӯ ба идораи ЗАГС омадааст, баёнгари он аст, ки падари хушбахт Элмурод Қувондиқов аз қабл номи писарашро интихоб карда буд ва фурсати зиёдтаре барои фикр кардан рӯи номи ӯ лозим надошт.
Аҷаб он аст, ки ҳангоми интихоби номи писараш, Элмурод Қувондиқов насаби футболбози фаронсавӣ – Мбапперо пазируфтааст, на номи ӯро, ки Килиан аст.
Ин ягона мавриде нест, ки дар Ӯзбекистон падарони мухлиси футбол фарзандони худро ба шарафи футболбозони маҳбубашон чунин номҳои барои ин кишвар ғайриоддӣ мегузоранд. Лозим ба зикр аст, ки дар аксари мавридҳо ин падарони мухлис ҳамчун ном барои фарзандони худ насаби футболбозони дӯстдоштаашонро, ки ба бренд табдил ёфтаанд, интихоб мекунанд, на номи аввали ин бозигаронрою
Аз ҷумла Марадона Сафаров, ки ҳоло 29 сол дорад, инак чандин сол боз дар бошгоҳҳои лигаи олии футболи Ӯзбекистон футболбозӣ мекунад. Ӯ 15 январи соли 1994 дар вилояти Қашқадарё ба дунё омадааст. Падараш, ки мухлиси ашаддии ситораи футболи Аргентина Диего Марадона буд, писарашро ба ҳамин умед Марадона ном дод, ки мисли ӯ футболбози машҳур шавад. Марадона Сафаров дар ҳақиқат футболбози маъруф шуд, вале фақат дар сатҳи Ӯзбекистон. Ӯ собиқаи варзишиашро аз тими “Машъал” аз шаҳри Муборак оғоз карда, баъдан дар бошгоҳҳои “Шӯртан” аз шаҳри Гузари вилояти Қашқадарё, тимҳои “Динамо” ва “Шердор”, ҳарду аз Самарқанд бозӣ кард ва аз соли 2021 дар ҳайъати бошгоҳи “Зомин”-и Ҷиззах ҳунарнамоӣ мекунад. Элмурод Қувондиқов ҳам аз Ҷиззах аст ва акнун метавонад писараш Мбапперо барои тамошои бозии Марадона Сафаров ба варзишгоҳ барад.
Ҳамчунин 9 апрели соли 2010 дар вилояти Хоразми Ӯзбекистон Қосимов Месси Марадона ӯғлӣ ба дунё омадааст. Дар вақташ бобои ӯ писари худро ба шарафи ситораи вақти футболи Аргентина ва ҷаҳон Диего Марадона ном гузошта буд ва Марадона, вақте ки худ падар шуд, писарашро ба шарафи ситораи имрӯзи футболи Аргентина ва ҷаҳон Лионел Месси ном кард.