ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР ҶАМОАТИ СЕШАНБЕ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 17.01.2023

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 19:30-дақиқа, шахсони номаълум дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода ӯро зери лату кӯб қарор дода, бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, 1-адад шиносномаи миллӣ ва 300 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 21-сола ва “Муҳаммад” ном шахс, сокинони ҳамин шаҳр содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2022, марди 42-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки арзишаш 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2021, дар назди хонаи истиқоматиаш марди 38-солаи сокини ноҳияи Данғара, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Камри-6»-ро ба маблағи 35 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки баъди фурӯхтан маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда автомашинаи мазкурро фурӯхта, аз ин маблағ 19 ҳазору 500 доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда 15 ҳазору 500 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми октябри соли 2022, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус GS»-ро ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button