ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ 6 САР ГОВИ АМАКИ ХУДАШРО ДУЗДИДААСТ

Cокини 30-солаи ноҳияи Б.Ғафуров  ба он айбдор мешавад, ки шаби 12 декабр ҳамроҳи “Эркабой” ном шахс аз оғили амаки худаш 6 сар чорвои калонро дуздида, ба соҳиби чорво 40 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

ххххххххххх

Сокини  20-солаи  шаҳри Ваҳдат ба он айбдор мешавад, ки шаби 14 январ аз хонаи як сокини ноҳияи Файзоб як сар чорвои калонро дуздида, ба соҳибхона 9 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

 ххххххххххххх

Сокини 33-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки шаби 13 январ дар кӯчаи Зарнисори пойтахт сокини 32-солаи ноҳияи Б.Ғафуровро дашномҳои қабеҳ дода, телефонашро бо зӯрӣ кашида гирифтааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 16.01.2023

Ифшо шудани дуздии чорвои калон

048

Нисбати марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст. Номбурда, 12-уми декабри соли 2022, тахминан соати 23:00, бо ҳамроҳи “Эркабой” ном шахс бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонаи ҳавлии истиқоматии амакаш, марди 51-солаи сокини ҳамин ноҳия 6 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми январи соли 2023, тахминан соати 20:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Боздошт гардидани марди 33-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

033

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки 13-уми январи соли 2023, тахминан соати 21:00, ҳангоми дар кӯчаи Зарнисори пойтахт қарор доштанаш, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе, бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ дода, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми-НОТ 9»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 650 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button