ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ҚАЗОҚИСТОН ЯК ҶИНОЯТКОРИ ФИРОРИРО БА ТОҶИКИСТОН СУПУРД

Кормандони пулиси вилояти Қазоқистони шарқӣ дар ҷараёни чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Уст-Каменогорск як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистонро боздошт карданд. Ин нафар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шуда буд.

Бар асоси маводи парвандааш, ин нафар ба он айбдор мешавад, ки моҳи августи соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии як ҷабрдида даромада, аз вай бо ваъдаи гирифтани виза ё раводиди сафар ба Латвия ва фиристоданаш ба ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо 2 ҳазору 325 доллар гирифтааст, вале ин пулҳои гирифтаашро ба манфиати худ сарф карда, ваъдаи ба ҷабрдида додаашро иҷро накардааст.

Дар раёсати корҳои дохилии вилояти Суғди Тоҷикистон нисбат ба ин нафар бар асоси қисми дуюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷустуҷӯи кушода, нисбат ба ӯ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтанро таъйин кардаанд.

Баъди чанде муайян карда шуд, ки ин нафар ба ҷумҳурии Қазоқистон фирор кардааст ва ҳоло дар шаҳри Уст-Каменогорск  ба сар мебарад. Моҳи январи соли 2023 кормандони пулиси Қазоқистон ӯро дастгир карданд ва алакай ба Тоҷикистон истирдод карданд.

Бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ба вай барои қаллобӣ бо расондани зарари ҷиддӣ ба ҷабрдида ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365 то 912  нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 68 сомонӣ, ё тақрибан 6,5 доллар) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол таҳдид мекунад.

Солҳои охир мавридҳои қаллобӣ бо ваъдаи гирифтани додани виза ё раводиди сафар ба  кишварҳоиАврупову Амрико дар Тоҷикистон хеле зиёд шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button