ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

МИРЗИЁЕВ ДАР ПАЙИ НОРОЗИГИИ МАРДУМ АЗ БЕБАРҚИЮ БЕГАЗӢ ҲОКИМИ ТОШКАНДРО АЗ КОР РОНД ВА БА 3 ҲОКИМИ ДИГАР “ҲАЙФИ ТУ” ЭЪЛОН КАРД

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев субҳи 16 январи соли 2023 дар робита ба норозигиҳои мардум аз таъмини аҳолӣ бо барқу газу гармӣ дар ин рӯзҳои сардии бесобиқа як нишасти вижа баргузор карда, дар ҷараёни он аз мақомот барои ноомодагӣ ба мавсими зимистон сахт интиқод кард ва чандин мансабдори баландпоя, аз ҷумла ҳокими Тошканд, муовини вазири энергетика ва сардори нирӯгоҳҳои барқу гармиро аз кор ронда, ба се ҳокими дигар “Ҳайфи ту” эълон кард.

Мирзиёев дар ин ҷаласа гуфт: “Ман аз ҳолу аҳволи ҳар оила ва ҳар як инсоне, ки ин шабу рӯз аз сардӣ азоб мекашад, хеле сахт дар ташвиш ҳастам”.

Шавкат Мирзиёев гуфт, ҳолати пешомада нишон дод, ки роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо чӣ гуна кор мекунанд. Ба ақидаи ӯ, вазъият нишон дод, ки роҳбарони тамоми сатҳҳо дар пойтахти Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд ба вазъияти дар ин рӯзҳои сард пешомада тайёрӣ надидаанд.

Рӯзҳои охир аз гӯшаҳои гуногуни Ӯзбекистон, асосан аз шаҳри Тошканд видеоҳо бо эътирози сокинон аз қатъ шудани интиқоли барқу газу оби гарм ба маҳаллаҳояшон нашр мешуд.

 “Ба сабаби он, ки Нақшаи умумии рушди пойтахт то ҳол тасдиқ нашудааст, дар Тошканд беш аз 250 иншооте сохта шудааст, ки дар сохтани онҳо бори гаронашон ба зербинои мавҷуда ба назар гирифта нашудааст. Ҷиҳати пешгирӣ аз сард задани маҳсулот дар бозорҳо низ ягон тасмиме гирифта нашудааст. Ин ҳама бо қатъ шудани интиқоли барқу газу оби гарм ба норозигии сокинон сабаб шуд”, –  таъкид кард Мирзиёев.

Дар ҷараёни ҷаласа Мирзиёев эълон кард, ки ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, муовини вазири энергетикаи Ӯзбекистон Шерзод Хоҷаев ва раҳбари иттиҳодияи “Нирӯгоҳҳои барқу оби гарм” (“Иссиқлик электр станциялари”, “ТЭЦ”)  Фарҳод Абдураҳмоновро бо далели ин ки “вазъиятро аз пеш арзёбӣ карда натавонистанд ва ба фасли зимистон ба таври бояд тайёрӣ надиданд”, аз мансабҳояшон ронд ва ба ҳокимони се ноҳияи пойтахти Ӯзбекистон: Юнусобод, Мирзо Улуғбек ва Ӯчтеппа “Ҳайфи ту”А эълон кардааст. “Ҳайфи ту” дар Ӯзбекистон ба маънои огоҳии қатъист.

Дар мавриди барканории Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, Мирзиёев гуфт: “Ман дирӯз дар ситод ӯро аз кор гирифтам. Барои суханҳо ва ваъдаҳои пӯч, барои ахбори бардурӯғ, барои онки як бор берун набаромад, барои онки пойҳояш аз замин канда шуда буд, аз кор рондамаш”.

Дар ҳамин ҷаласа Бахтиёр Раҳмонов, ки муовини аввали ҳокими Тошканд буд, иҷрокунандаи вазифаи ҳоким ва муовини додситони кулли Ӯзбекистон Эркин Юлдошев  додситони пойтахт таъйин шуданд ва Мирзиёев ба Юлдошев амр дод, ки пеш аз ҳама, то куҷо дар коррупсия даст доштани ҳокими собиқ Ортиқхоҷаев ва одамони ӯро тафтиш кунад.

Ҳокими нави Тошканд Бахтиёр Рахмонов соли 1959 дар вилояти Тошканд ба дунё омада, соли 1981 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии шаҳри Киеви Украина ва соли 2000 Академияи рушди давлатию ҷамъиятии марбут ба президенти Ӯзбекистон (собиқ Мактаби партиявии Тошканд)-ро хатм кардааст. Ӯ аз январи соли 2021 ба ҳайси муовини аввали ҳокими Тошканд умури меъморӣ, сохтмон ва рушди зербинои  иртибототии пойтахти Ӯзбекистонро роҳбарӣ мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button