КоррупсияНомаҳо ба президент

ЯК МАНСАБДОР ДАР ПАНҶАКЕНТ ДАР ПАЙИ БОЗПУРСИАШ ДАР МАҚОМОТ ХУДРО БА ДОР ОВЕХТААСТ

Як корманди раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Панҷакент дар пайи бозпурсиаш аз ҷониби  мақомоти зиддикоррупсия худро дор кашидааст.

Чанд манбаъ аз шаҳри Панҷакент рӯзи 16 январи соли 2023 дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 11 январ рух додааст.

Мақомот то кунун ба таври расмӣ ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва коррупсия дар шаҳри Панҷакент бар асоси нишондоди як корманди раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Панҷакент як мавриди пулшӯии 4 сол пешро дар ин идора ошкор мекунад. Дар ин “муомила” чанд нафар гумонбар мешуданд ва дар ниҳоят  гуноҳ ба сари марҳум “А” бор мешавад. Чанд рӯз қабл аз маргаш мақомоти зиддифасод ӯро пайи ҳам барои бозпурсӣ даъват кардаанд.

Байни марҳум ва мақомот чӣ гапугузор мегузарад?, ба касе маълум нест.  Танҳо ҳамин чиз маълум аст, ки марҳум “А” пеш аз худкушӣ мактубе навиштааст, ки онро мақомоти прокуратура аз ҷайбаш пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъҳои пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ҳоло тафтишот идома дорад. Ва ду нафар аз онҳоеро, ки номашон дар мактуб зикр шудааст, барои бозпурсӣ ба мақомот бурдаанд.

Як ҳамсӯҳбати “Бомдод” мегӯяд, ҳодисаи ба ин монанд чанд сол пеш ҳам дар Панҷакент рух дода буд. Он замон роҳбари фонди нафақаи шаҳр ҳам аз фишори мақомот худро овехта буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button