ВарзишЧеҳраҳо

ИГОР ЧЕРЕВЧЕНКО САРМУРАББИИ “ИСТИҚЛОЛ” МЕШАВАД: БАЧАИ ТОҶИКИСТОН БУД, ТОҶИКИСТОНРО ИНТИХОБ КАРД

Игор Черевченко, дастпарвари футболи тоҷик ва фарзанди капитани шуҳратёри дастаи “Помир”-и Душанбе рӯзи 16 январи соли 2023 бо имзои қарордоди яксола сармураббии дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, чемпиони кунунии футболи Тоҷикистон мешавад. Дар ин бора рӯзи 15 январ ба журналистон худи Черевченко хабар дод.

Ӯ аз ҷумла ба хабаргузории ТАСС гуфт: “Ман феълан дар Маскав мебошам. Фардо (16 январ) барои имзои қарордод парвоз мекунам. Муҳлати қарордод як сол аст”.

Черевченко дар мусоҳиба бо журналист Иван Карпов гуфт, “пешниҳодҳои дигар низ буд, вале ман Тоҷикистонро интихоб кардам”. Бино ба иттилои ин манбаъ, Игор Черевченкоро барои кор ба як дастаи футболи Арабистони Саудӣ даъват карда буданд, вале ӯ ба кор дар Ватанаш бартарӣ дод.

Игор Черевченко баъди тарки дастаи “Химки” дар моҳи феврали соли 2022 қариб як сол бекор буд. Овозаҳо дар бораи инки намояндагони “Истиқлол” бо ин дастпарвари шуҳратёри футболи тоҷик вориди музокирот шудаанд, чанд ҳафта пеш пайдо шуд.

Игор Черевченко  48 сол дорад. Ӯ дар баробарии Юрий Сёмин ва Рашид Раҳимов аз ангуштшумор намояндагони футболи тоҷик аст, ки дар солҳои мухталиф ба ҳайси сармураббиёни тимҳои гуногуни лигаи олии футболи Русия кор кардаанд.

Игор Черевченко 21 августи соли 1974 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Падари ӯ Геннадий Черевченко яке аз маъруфтарин ситораҳои футболи тоҷики асри 20 буда, қариб ду даҳсола дар хатти ҳимояи дастаи овозадори “Помир”-и Душанбе бозӣ кардааст ва солиёни зиёде капитани “Помир” буд.

Игор Черевченко низ собиқаи футболбозиашро аз “Помир” оғоз кард, вале баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав кӯчид ва дар дастаи “Локомотив” 4 дафъа Ҷоми футболи Русия ва чандин дафъа нишонҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Русияро ба даст овард.

Игор Черевченко баъди анҷоми бозӣ ба ҳайси мураббӣ корашро дар “Локомотив” идома дода, соли 2015 ба мақоми сармураббии ин даста расид ва “Локомотив”-ро соҳиби Ҷоми Русия гардонд. Соли 2017 Черевченко сармураббии дастаи “Балтика”-и шаҳри Калининград таъйин шуд. Дар мавсими солҳои 20172018 “Балтика” дар дивизиони аввали қаҳрамонии футболи Русия ҷои панҷумро гирифт ва Черевченко ин мақомро нокофӣ дониста, истеъфо дод.

Ин дастпарвари футболи тоҷик баъдан тимҳои “Арсенал” аз шаҳри Тула ва “Химки” аз шаҳри Химки дар канори Маскавро раҳбарӣ кард ва моҳи феврали соли 2022 аз “Химки” рафт.

Бо вуҷуди қариб 30 соли зиндагӣ дар Русия Игор Черевченко муҳаббат ва алоқааш ба Тоҷикистонро ҳифз кардааст. Ӯ ҳар сол барои аёдати мазори падари шуҳратёраш ва иштирок дар мусобиқаи футболи байни наврасон ба ёди Геннадий Черевченко, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил кардааст, ба Ватанаш меояд.

Падари ӯ Геннадий Черевченко дар солҳои 70 ва 80 дар ҳайъати дастаи машҳури “Помир” (Душанбе) бозӣ мекард ва солҳои зиёд нафақат капитани ин даста, балки як сутуни асосии хатти дифои “Помир” буд.

“Истиқлол”, дастаи нави таҳти раҳбарии Игор Черевченко қаҳрамони кунунии футболи Тоҷикистон аст. “Истиқлол” дар умум 11 маротиба чемпиони Тоҷикистон шуда, 9 маротиба Ҷоми Тоҷикистон ва 10 маротиба Шоҳҷоми ин кишварро ба даст овардааст. Ҳамаи ин дастовардҳо дар таърихи футболи тоҷик бесобиқа ва рекордӣ дониста мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button