ВидеоҲодиса

ДАР ИСТАРАВШАН ЯК РОНАНДА НОЗИРИ МИЛИСАРО ПАХШ КАРДААСТ (ВИДЕО)

Дар шаҳри Истаравшан ронанда Маъмур Шарипов ба он айбдор мешавад, ки аз итоат ба талаботи нозири БДА саркашӣ карда, баракс мошинашро болои нозири роҳ рондааст ва ӯро дидаю дониста ва барқасдона пахш кардааст.

Тавре Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гузориш дод, ин ҳодиса дар арафаи Соли нав, субҳи 28 декабри соли 2022, тахминан соати 09:30 рух додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, ронандаи мошини тамғаи “Опел Астра”, рақами давлатиаш 55 65 АК 02, Шарипов Маъмур Акбарович, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Вогат дар канори шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар назди бозори марказии Истаравшан, ки яке аз ҷойҳо сермошин ва  аз маконҳои пайваста тамбашавӣ ба шумор меравад, мошинашро дар як ҷои мамнӯъ нигоҳ доштааст.

Нозири калони ППС, ё хадамоти роҳбонии шуъбачаи БДА шаҳри Истаравшан лейтенант Эҳсон Муҳиддинов аз Маъмур Шарипов талаб кардааст, ки ҳуҷҷатҳояшро барои пур кардани протокол дар бораи вайрон кардани қоидаҳои роҳ ба ӯ бидиҳад.

Вале ронанда, бино ба гузориши Акбар Шарифӣ,  аз додани ҳуҷҷати ронандагиаш саркашӣ карда, кӯшиш кардааст, ки аз ҷои ҳодиса фирор кунад.

Дар сабти видеокамераи назоратӣ дида мешавад, ки ронанда нозири милисаро, ки дар сари роҳаш истода буд, бо мошин пахш карда, сипас аз онҷо фирор мекунад.

Дар натиҷа, пойи корманди БДА шикаста, ӯ дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ низ бардоштааст.

Абдулҳафизи Авазмурод, ёрдамчии прокурори шаҳри Истаравшан гуфт, дар додситонии ин шаҳр нисбат ба Маъмур Шарипов бар асоси қисми дуюми моддаи 328 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (истифодаи зӯроварии барои саломатӣ хафвнок ба муқобили намояндаи ҳокимият) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол таҳдид мекунад.

Маъмур Шарипов ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.  

Дар Тоҷикистон баҳоҳо ба фаъолияти кормандони БДА гуногун аст. Як гуруҳ фаъолияти онҳоро барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо муҳим мешуморанд. Гуруҳи дигар бар инанд, ки БДА  ба яке аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст ва кайҳо боз ба як ислоҳоти решаӣ эҳтиёҷ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button