ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодиса

ҶОИ ТАВАЛЛУД: ОСМОН. МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – ХУҶАНД ТИФЛАШРО ДАР ВАҚТИ ПАРВОЗ БА ДУНЁ ОВАРДААСТ (ВИДЕО)

Як зан, ки аз шаҳри Маскави Русия ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, тифлашро ҳангоми парвоз ба дунё овардааст. Телеграм-каналт “SHOT” рӯзи 13 январи соли 2023 бо нашари аксҳои ин тифли навзод бо аъзои экипаж хабар дод, ки Оишахон дар арафаи Соли нав дар баландии чанд ҳазор метр дар осмон дида ба ҷаҳон кушод.

Бино ба иттилои расонаҳо, ин ҳодиса дар дохили толори ҳавопаймои “Аэробус”-и ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дар арафаи Соли нав рух додааст.

Ин ҳавопаймо аз фурудгоҳи Жуковский дар канори Маскав ба қасди Тоҷикистон ба парвоз хест, вале баъди онки ҳавопаймо алакай ба осмон баланд шуда буд, як зани мусофир ба меҳмондорони ҳавопаймо муроҷиат карда, аз сар шудани дарди зоишаш хабар додааст.

Азбаски то расидан ба Хуҷанд ҳанӯз чанд соати дигар боқӣ монда буд, аҳли экипаж бояд ин масъаларо ба сурати оҷил ҳал мекарданд.

Кристина Клюева, сардори меҳмондорони ин парвоз нақл кардааст, ки онҳо худ ба сархалабон хабар доданд ва тавассути баландгӯ эълон карданд, ки агар дар байни мусофирон табибон бошанд, аз худ дарак диҳанд.

Аз байни мусофирон як “таваллудхонаи сайёр” ҷамъ шуд. Маълум шуд, ки дар байни онҳо 4  нафар аз аҳли тиб будаанд: як табиби неонатолог (табиби навзодон), як табиби рентгенолог ва ду момодоя (акушерка). Ба онҳо меҳмондорони ҳавопаймо бо таъмини “зоишгоҳ” бо болиштҳо, салфеткаҳо ва об кумак расонданд.

Кристина Клюева чунин нақл мекунад: “Чор нафар аз байни мусофирон, ки хушбахтона, дуяш табибу дуи дигараш момодоя буданд, изҳори кумак карданд.  Сархалабон пурсид, ки оё зарурат ҳаст, ки ӯ дар ягон фурудгоҳи наздиктарин бинишинад? Вале ин табибон  аз ин пешниҳод даст кашиданд ва гуфтанд, ки зарурат нест, онҳо худашон ин корро анҷом медиҳанд”.

Виктор Ким, меҳмондори дигари ин парвоз низ нақл кардааст, ки  “Дар ошхонаи қисмати пеши ҳавопаймо мо болиштҳо ва пелёнкаҳоро паҳн кардем ва ин ҷавонзан ҳамон ҷо тифлашро ба дунё овард. Як лаҳзаҳои, ростӣ, фаромӯшношудание буд ин лаҳзаҳо!”.

Тақрибан баъди як соат бо кумаки табибону меҳмондорон тифли ин зан сиҳати саломат ба дунё омад. Ин духтарчаи навзод 46 сантиметр қад ва 2600 грамм вазн дошт.

Баъди тақрибан ду соати дигар, ҳавопаймо алакай бо 220 мусофир дар Хуҷанд фуруд омад. Модари хушбахтро бо тифли навзодаш аз фурудгоҳ ба бемористон бурданд.

Бино ба иттилои Телеграм-канали “SHOT”, ин тифлро Оишахон ном гузоштаанд, ӯ ҳоло дар хонааш аст ва саломатиаш хуб аст.

Мавридҳои дар вақти парвоз таваллуд кардани занони мусофир кам аст, ва гоҳ гоҳ рӯй медиҳад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба парвози занони ҳомила дар моҳҳои охирини таваллудашон иҷозат намедиҳанд, вале бархе занҳои ҳомила бо ҳар роҳ ягон илоҷ карда, аз назорат мегузаранд ва ба дохили ҳавопаймоҳо роҳ меёбанд. Мисли модари Оишахон, ки аз ин ба баъд ҳар боре, ки аз ҷои таваллуди ин фарзандаш агар бипурсанд, ҳатман ҷавоб хоҳад дод, ки ӯ дар осмон ба дунё омадааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button