ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ФИРОРИИ ҚИРҒИЗИСТОН АСКАР ОҚОЕВРО БАСТАНД

Парвандаи ҷиноятӣ ба зидди президенти собиқи Қирғизистон Аскар Оқоевро қатъ кардаанд. Дар ин бора рӯзи 13 январи соли 2023 ба пойгоҳи хабарии Клооп. кг намояндаи хадамоти матбуоти Додситонии кулли Қирғизистон Сироҷиддин Камолидинов хабар дод. Ӯ гуфт, Аскар Оқоев ба даст доштан дар сӯиистифода аз мансаб ва хунукназарӣ дар мавриди бастани қарордод бо ширкати канадагии “Камеко” дар соли 1992 ва хусусӣ кардани кони тиллои Қумтор дар соли 2003  айбдор мешуд. Камолидинов шарҳ дод, ки парвандаи Оқоевро ба сабаби гузаштани муҳлати ниҳоии ба ҷавобгарӣ кашондани нафари муттаҳам қатъ карда шуд.

Ҳанӯз моҳи декабри соли 2021 яке аз ёрони наздики Оқоев ва раҳбари собиқи дастгоҳи сарвазири Қирғизистон Бекболот Талғарбеков алакай гуфта буд, ки иттиҳомоти зидди Оқоев бекор карда шудаанд ва ӯ акнун метавонад озодона ба Қирғизистон омаду рафт кунад.

Талғарбеков аз ҷумла гуфт: “Дар ҷараёни бозпурсиҳо маълум шуд, ки Аскар Оқоев дар ҳширкати “Тсентерра” ягон саҳмия надорад, ягон сент пул ҳам нагирифтааст. Акнун роҳи Оқоев боз шуд. Ӯ ҳоло зиёд кор мекунад, ҳатто ҷоизаи муътабари Ломоносовро ба даст овард. Вақте ки корро бас кард, ӯ, албатта, ба Қирғизистон бар хоҳад гашт”.

Аскар Оқоев 10 ноябри соли 1944 дар деҳаи Қизил Байрақи вилояти Фрунзе (ҳоло вилояти Чуй) ба дунё омада, яке аз олимони шинохтаи илми риёзӣ (математика) ба шумор мерафт ва то ба мақоми президенти Академияи илмҳои Қирғизистон расида буд. Ӯ соли 1990 дар нахустин интихоботи президентӣ президенти Қирғизистон интихоб шуд ва то соли 2005 ба ин кишвар раҳбарӣ кард. Аскар Оқоев нахустин президенти Қирғизистон аст, ки дар натиҷаи ошӯбҳои мардумӣ аз мансаб барканор карда шуд.

Моҳи апрели соли 2005 мардуми норозӣ аз натиҷаҳои дасткоришудаи интихоботи парлумонӣ ба кӯчаҳои Бишкек рехтанд. Ин эътирозҳо бо сарнагунии Аскар Оқоев аз курсии президент ба анҷом расид ва ҳамчун “инқилоби лолаҳо” ном гирифт. Баъди “инқилоби лолаҳо” Оқоев ба Маскав фирор кард ва инак қариб 18 сол боз дар пойтахти Русия ҳамчун корманди аршади илмии Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти матемактии низомҳои мураккаб дар Донишгоҳи давлатии Маскав кор мекунад.

Аскар Оқоев танҳо баъди 16 соли сарнагуниаш аз мақом дар моҳи августи соли 2021 бори аввал ба Қирғизистон баргашт, то дар робита ба парвандаи хусусӣ кардани кони тиллои Қумтор баёнот диҳад. Ӯ ҳоло 78 сол дорад.

Баъди Оқоев боз ду президенти дигари Қирғизистон: Қурмонбек Боқиев дар соли 2020 ва Сооронбой Жээнбеков дар соли 2020 дар натиҷаи эътирозҳои мардум аз мансаб барканор карда шуданд. Жээнбеков, ки худаш истеъфо дод, дар Қирғизистон монд, вале Боқиев, ки болои издиҳоми эътирозгарон тир кушод, аз кишвар фирор кард ва дар Беларус паноҳ бурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button