ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ ДОХИЛА Р.РАҲИМЗОДА БО НАЗДИКОНИ АБДУҚАҲҲОР РОЗИҚОВ ВА ОЗОД ШУДАНИ ДУ МИЛИСАИ МУТТАҲАМ ДАР МАРГИ ИН СОКИНИ КӮЛОБ


Ду корманди боздоштшудаи Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлобро озод карданд. Ба зидди як милисаи дигар парванда боз шудааст.

Ин се нафар дар пайванд ба марги мармузи сокини 37-солаи Кӯлоб Абдуқаҳҳор Розиқов дастгир шуда буданд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ бар асари шиканҷа ҷон бохт. Манобеи расмӣ гуфтанд, шиканҷа шудани ӯ ҳанӯз тасдиқи худро наёфтааст.

Додситонии минтақаи Кӯлоб нисбат ба Шамшод Шарифов, корманди Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб, ба гумони “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” (қисми севуми моддаи 316-и Қонуни ҷиноӣ) парванда кушодааст. Ба ӯ то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 5 то 10 сол зиндон таҳдид мекунад.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар додситонии минтақаи Кӯлоб ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 12-уми январ гуфт, “Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шуданд.

Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб, шаби 2-юм ба 3-юми январ, пас аз боздошт шудан аз сӯйи маъмурони милиса, дар шароити мармуз ҷон бохт.

Пайвандонаш даъво карданд, ки ӯ бар асари шиканҷа ҷон додааст ва рӯзи 3-юми январ дар назди сардхонаи Кӯлоб ҷамъ шуданд. Онҳо гуфтанд, пас аз дидани се маъмури боздоштшудаи милиса ҷасадро аз сардхона гирифтанд. Ӯ дар оромгоҳи Тамошотеппаи шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ сабаби марги ӯро “истеъмоли аз ҳад зиёди як навъ маводи мухаддир” номид. Манбаъ дар додситонии минтақаи Кӯлоб низ мегӯяд, ҳанӯз бар асари шиканҷа даргузаштани Абдуқаҳҳор Розиқов тасдиқ нашудааст”. Тақҳиқи мустақилонаи қазия феълан ғайриимкон аст.

Дар додситонии минтақаи Кӯлоб, ки парвандаи марги Абдуқаҳҳор Розиқов тафтиш мешавад, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳанӯз тафтиши парванда ба поён нарасидааст.

Ромиш Розиқов, амаки Абдуқаҳҳор Розиқов, рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз раҳо шудани ду маъмури милиса хабар доранд, вале мақомот ваъдаи таҳқиқи одилонаи парвандаро додаанд.

“Ба мо гуфтанд, ки дар доираи қонун тафтиш мекунем ва тафтиш вақти зиёдро мегирад. Мо гуфтем, агар аз рӯи қонун шавад, интизор мешавем. Раиси шаҳри Кӯлоб ва сардори ШКДи Кӯлоб ба хона омада, ваъда доданд. Гуфтанд, ба ҳар гапу овоза бовар накунед, – афзуд ӯ.

Марги Абдуқаҳҳор Розиқов пас аз боздошт шуданаш аз тарафи кормандони пулис ва эътирози гурӯҳе аз сокинон сару садои зиёде ба по кард.

Охири ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, модару бародар ва наздикони дигари Абдуқаҳҳор Розиқовро барои суҳбат ба Душанбе даъват кардааст. Маълум нест, ба онҳо чӣ гуфтаанд? Фазиламоҳ, модари Абдуқаҳҳор Розиқов, суҳбаташро бо вазир тасдиқ кард, аммо нахост, ҷузъиёт бидиҳад.

Марги сокинон пас аз боздошт шудан аз сӯйи маъмурони интизомӣ ҳамеша эътирозу танқидҳоро дар пай дорад. Ҳалокати Гулбиддини Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, дар моҳи ноябри соли 2021 боис ба эътирози чоррӯзаи сокинон шуд.

Он замон низ мақомот ваъдаи таҳқиқи ҳодисаро доданд ва комиссияи муштаракеро аз ҳисоби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ созмон доданд. Пас аз ним сол сокинон бо талаби таҳқиқи ҳодиса эътироз карданд, вале мақомот эътирозгаронро саркӯб ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро боздошту ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум намуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button