ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

ФАВРӢ! БАРФ САРИ ЯК МАНСАБДОРРО ХӮРД: РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИРО АЗ КОР ПЕШ КАРДААСТ

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ нимаи дуюми рӯзи 10 январи соли 2023 раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самиро барои “ноуҳдабароӣ” дар рафъи оқибатҳои барфрезии шадид аз кор пеш кардааст.

Дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 11 январ ин хабарро ба “Бомдод” тасдиқ карданд. Як намояндаи масъули маъмурияти ноҳия дар посух ба суол дар бораи то куҷо ҳақиқат доштани хабари барканории Шариф Самӣ гуфт: “Бале, рост аст, аз дирӯз, яъне аз 10 январ дигар кор намекунад. Ҳанӯз ба ҷои ӯ касеро ба сифати раиси нав муаррифӣ накардаанд”.

Ин ҳамсуҳбати “Бомдод” дар бораи сабаби барканории Шариф Самӣ тафсилот надод, вале манобеи “Бомдод” мегӯянд,  Рустами Эмомалӣ аз тарзи фаъолияти ӯ дар ҷараёни рафъи оқибатҳои барфрезии шадиди рӯзи 10 январ норозӣ будааст.

Як манбаи “Бомдод” гуфт: “Рӯзи 10 январ, тақрибан нимрӯзӣ, корвони мошинҳои Рустами Эмомалӣ аз Қасри Миллат берун шуда, ба ҷои кораш бармегаштанд, вале дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ дар маркази пойтахт яке аз мошинҳои корвони Рустами Эмомалӣ дар барф дармондааст. Мошинҳои “ҷип” гузашта рафтаанд, вале ин мошин, ки мошини оддӣ буд, дар барф дармондааст ва муҳофизони Рустами Эмомалӣ аз мошинҳо фаромада, бо даст барфи роҳро тоза карда, ин мошинро телакунон аз банди барф озод кардаанд. Баъди ба ҷои кораш баргаштани Рустами Эмомалӣ, тахминан соати 14 ёвар ва раиси дастгоҳи ӯ ба ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ занг зада, аз норозигии шаҳдор аз кори ӯ хабар медиҳанд ва мегӯянд, “метавонед чизу чораатонро ҷамъ карда, биравӣ. Дигар ба фаъолияти шумо зарурат нест”.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, Самӣ Шариф пурсидааст, ки оё ба ҷои ӯ кӣ меояд?, вале одамони Рустами Эмомалӣ ба ӯ посухе надодаанд. Манобеи “Бомдод” мегӯянд, Шариф Самӣ наздикиҳои бегоҳи 10 январ кормандони ҳукумати ноҳияҳоро дар наздаш ҷамъ карда, ҳамаро аз барканор шуданаш хабардор кардааст ва чизу чораашро ғундошта, ҷои корро тарк кардааст.

Бино ба иттилои ин манобеъ, Шариф Самӣ, ки синнаш баъди чанд моҳ ба 66 мерасад, ба эҳтимоли ғолиб акнун ба нафақа фиристода мешавад.

Хабарҳои афзоянда дар бораи барканории Шариф Самӣ барои “ноуҳдабароӣ” дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон таъйину барканории раисони ноҳияҳо аз ҷониби раисиҷумҳур ва бо фармонҳои ӯ сурат мегиранд. То ин лаҳза ягон фармони расмӣ дар бораи барканории Шариф Самӣ аз мақоми раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳанӯз нашр нашудааст.

Дар шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки Рустами Эмомалӣ рафъи оқибатҳои сардиҳои ахирро хеле ҷиддӣ гирифтааст ва нафақат аз мансабдорон талаби кор мекунад, балки ҳатто бо нашри як муроҷиатномаи вижа аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хост, ки дар ин рӯзҳои сардӣ, ки бино ба пешбинии ҳавошиносон, камаш то 15 январ давом хоҳад кард, бидуни зарурат ба сафар набароянд, аз гаштугузори бемаврид худдорӣ карда, нақлиёти шахсии худро истифода набаранд ва аз нақлиёти мусофиркашии ҷамъиятӣ самаранок истифода баранд. Ҳамчунин ӯ аз сокинон хост, ки  дар истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти барқӣ аз эҳтиёти тамом кор бигиранд ва фарзандони худро дар ин шабу рӯз беназорат нагузоранд.

Шариф Самӣ (Шарифхон Самиев) 22 апрели соли 1957 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, аз кадрҳои собиқадори ҳукумати кунунии Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ӯро аз “кадрҳои ғарқнашавандаи ҳукумат” низ ном мебурданд, чунки дар давоми қариб 30 сол дар мансабҳои гуногуни баланд кор кардааст. Шариф Самӣ аз ҷумла солҳои 1995-1999 муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, солҳои 1999-2002 муовини раиси ширкати «Барқи Тоҷик» ва муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон, солҳои 2002-2005 раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва сипас, солҳои 2005-2006 раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд.

Шариф Самӣ солҳои 2006-2009 раиси «Барқи Тоҷик» ва солҳои 2009-2010 раҳбари нирӯгоҳи Норак буд ва аз соли 2010 то соли 2014 ба ҳайси раиси шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият намудааст. Ӯ аз соли 2014 то 2017 мудири муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» буд ва бо фармони президенти Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Исми Шариф Самӣ бори охир моҳи соли 2022 дар робита ба занозании писарони мансабдорон дар як тарабхонаи пойтахт расонаӣ шуд. Бино ба гузоришҳо, шаби 11 ноябр Зафарҷон Самӣ, писари Шариф Самӣ, ки  дар мақоми раҳбари толори VIP-и фурудгоҳи Душанбе кор мекунад, дар ҷараёни як муноқиша бо як гуруҳи ҷавонон дар як тарабхона дар маҳаллаи 112-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз сараш маҷруҳ шудааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки тарафи дигари ин ҷанҷол низ як нафари наздик ба мансабдорони баландпоя будааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Рафик Сами Шариф аз утоқи кориаш берун баромада намебинад ҳолу аҳволи роҳҳои мошингарду пиёдагардро чунин шахсро Кабинетный криса мегуянд…

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button