ВидеоҶомеа

ДУ СОАТ БЕДАРАК ШУД… 20 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК СОКИНИ ИСТАРАВШАН БАРОИ ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ҲАМСАРАШ

Муаллиф: Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Як сокини 37-солаи шаҳри Истаравшан барои қатли ҳамсараш дар ҳолати мастӣ 20 сол равонаи зиндон шудааст. Гуфта мешавад, ки ин мард ҳамсарашро барои итоат накардан ба амри ӯ ва наистодан дар ҷое ки ӯ амраш дода буд, зада-зада куштааст.

Рӯзи 10 январи соли 2023 аз додгоҳи вилояти Суғд  ба “Азия-Плюс” иттилоъ додаанд, ки Баҳоваддин Нарзуллоев бо ҳукми додгоҳи мазкур аз 17-уми нояби соли 2022 бо ҷурми одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуд.

Гуфта мешавад, ки сабаби қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар то ду соат бедарак шудани ӯ будааст.

“Ӯ моҳи августи соли 2022 бо ҳамсараш Уғулой Пӯлотова ба бозори марказии шаҳри Истаравшан рафта, барои харидории оби нӯшокӣ ба мағоза медарояд. Баъди баромадан дар ҷое, ки гуфта буд, ҳамсараш бояд истад, нест. Дар  ғазаб шуда, машрубот менӯшад ва хона омада, ҳамсарашро намеёбад”, – нақл кард рафти ҳодисаро манбаъи  “Азия Плюс” аз додгоҳи вилояти Суғд.

Ба гуфтаи манбаъ, баъди он ки ҳамсараш ба хона меояд, Баҳоваддин Нарзуллоев ӯро пурсуҷӯ карда, то аз ҳуш рафтан латукӯб мекунад.

“Бо ин ҳам қаноат накарда, бо “термос”-и пури оби ҷӯш ронҳои занро месӯзонад ва баъдан буғӣ карда мекӯшад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Ба таъкиди манбаъ, Баҳоваддин Нарзуллоев бо мақсади пинҳон кардани амалаш сару либоси хунолуди ҳамсарашро иваз карда, як рӯз пас волидони марҳумро огоҳ кардааст, ки гӯё духтарашон бо марги худ фавтидааст.

Вале хулосаи экспертизаи судӣ маълум кардааст, ки ӯ аз латукӯб ва буғикунӣ фавтидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо ҷинояти куштор, аз ҷумла куштори зан аз ҷониби шавҳар ва дигар аъзои хонавода рух медиҳад. Аз ҷумла 28- уми ноябри соли 2022 дар ноҳияи Зафаробод Зокир Аъзамов ҳамсараш Фируза Аъзамова ва писарчаи 9 солаашро бо бераҳмии махсус кушта, ҷасади онҳоро оташ зада буд.

Ҳамчунин, чанде пеш Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки як сокини шаҳри Роғун барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button