ВидеоРӯйдодҳои БадахшонФарҳанг

ДАРГУЗАШТИ ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИКЕ, КИ НАҚШИ ЛЕНИНРО ИҶРО МЕКАРД

Ҳунарпешаи театру синамои тоҷик, дастпарвари ГИТИС – Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Маскав Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мамадҳаким Мамадзоҳиров рӯзи 6 январи соли 2023 дар синни 88 вафот кардааст. Дар ин бора дар сомонааш бо нашри ҳамдардӣ ба наздикони ҳунарпеша ГИТИС хабар дод.

Бино ба иттилои  нашршуда, дастпарвари ин мактаби олии муътабари санъати театриро, ки бештар бо иҷрои нақши асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Илич Ленин шуҳрат дошт, дар зодгоҳаш – деҳаи Шуҷанди ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон ба хок супурдаанд.

Мамадҳаким Мамадзоҳиров 16 майи соли 1935 дар ҳамин деҳаи Шуҷанд дар кӯҳистони Помир дида ба ҷаҳон кушода, ҳанӯз соли 1960 студияи тоҷикии ГИТИСро хатм карда буд. Ӯ солҳои зиёде дар саҳнаҳои театри мусиқию драмавии ба номи Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳоло театри Камоли шаҳри Хуҷанд) ва театри академии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст. ГИТИС менависад, нақши асосӣ дар зиндагии эҷодии  Мамадҳаким Мамадзоҳиров нақши Ленин буд, ки ӯ ҳам дар намоишномаҳои театрӣ ва ҳам дар чорабиниҳои расмии он солҳо иҷро мекард.

Мамадҳаким Мамадзоҳировро дар баробари Аслӣ Бурҳонов аз беҳтарин иҷрокунандагони нақши Ленин дар театри тоҷик мешуморанд.

Ӯ ҳамроҳ бо театри Лоҳутӣ қариб ба ҳамаи кишварҳои Шӯравии собиқ сафарҳои ҳунарӣ карда, соли 1968 бо ин театр ба Афғонистон низ сафари ҳунарӣ дошт.

Мамадҳаким Мамадзоҳиров  дар синамо низ чандин нақш офаридааст. Аввалин филме, ки ӯ ҳунарнамоӣ кард, филми машҳури “Ман бо духтаре вохӯрдам” дар таҳияи коргардон Рафаил Перелман буд, ки соли 1957 рӯи навор омада, нахустин мюзикли киностудияи “Тоҷикфилм” буд. Мамадзоҳиров ҳамчунин дар дуюмин филми бар пояи романи машҳури Павел Лукнитский “Нисо” таҳияшуда –  “Нахустин субҳи ҷавонӣ”, ки соли 1979 коргардони шинохтаи тоҷик Давлат Худоназаров иборат аз се қисм рӯи навор овард, нақш бозӣ кардааст.

Мамадзоҳиров соли 1999 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button