ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БАРҚИЯИ ГЕНЕРАЛ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА ДАР РОБИТА БА ҚАЗИЯИ ЗАНИ ТОҶИКЕ, КИ ДАР РУСИЯ БАРОИ ҲИМОЯТ АЗ НОМУСАШ ДАСТ БА КУШТОР ЗАД (ВИДЕО)

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба ҳодисаи рӯзи 4-уми январи соли 2023, ки дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскави Русия бо шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаева рух дод, ба вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Колоколтсев В.А. барқия ирсол намуда, хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати воқеъона баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур ва таҳти назорат қарор додани тафтиши ин қазия мусоидат намояд. Дар ин бора рӯзи 10 январи соли 2023 сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон хабар дод.

Ин ниҳод хотиррасон кардааст, ки “як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона лату кӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дида, шаъну шарафи ӯро паст кардааст ва номбурда маҷбур шудааст барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад”.

Қаблан даҳҳо нафар аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки Сайёра Дусаевро беҳимоят нагузоранд ва аз ӯ дифоъ кунанд, то ба маҳзи бесоҳибӣ “говсуд” нашавад. Рамазон Раҳимзода нахустин мақоми баландпояи Тоҷикистон аст, ки ба ҳимоят аз ҳуқуқи ин зани тоҷик садо баланд кард.


Нашрияи “МК”, чопи Маскав ахиран бархе тафсилоти куштори пурсарусадои рӯзи 4 январи соли 2023 дар қаҳвахонаи таомҳои гурҷӣ бо номи “Хинкальная Тбилисо” дар шаҳри Митишии вилояти Маскавро нашр кард. Бо иттиҳоми қатли ошпази гурҷӣ дар ин қаҳвахона Сайёра Дӯсаева, як ҷавонзани тоҷики 36-сола боздошт шудааст.

Бино ба иттилои дарёфтии “МК”, фоҷиа рӯзи 4 январ, соати 16, вақте рух дод, ки дар толори қаҳвахона ҳамагӣ як муштарӣ хӯрок мехӯрд. Ошпази 50-солаи гурҷӣ Нугзар (номаш иваз карда шудааст) дар ошпазхона қарор дошт.  Ӯ аз замони оғози кори “Тбилисо” дар тирамоҳи соли 2022 дар инҷо кор мекард. Ҷавонзани тоҷик, ки 3 ило 4 ҳафта боз дар инҷо барои шустани зарфҳо ба кор гирифта шуда буд, низ он лаҳза дар ошпазхона буд.

Ба гуфтаи ҳамкоронаш, Сайёра модари танҳо буда, баъди фавти шавҳари аввалаш худаш ба танҳоӣ фарзанди ягонаашро тарбия мекард. Писари ӯ имсол ба синфи як рафта буд. Ба гуфтаи ҳамкорон, Сайёра як зани хуб буд ва қаблан ягон бор бо касе ҷанҷол накарда буд. Дар рӯзҳои Соли нав Сайёра бо ақди никоҳи мусалмонӣ шавҳари нав карда буд ва ҳамон рӯзи куштор ҳамкорон ӯро ба ин муносибат табрик кардаанд.

Муноқишаи байни Сайёра ва ошпаз, ба гуфтаи шоҳидон, аз як шӯхии ноҷои ошпаз нисбат ба зани тоҷик сар шуд. Ба болои ин, Нугзар бо дастонаш Сайёраро аз як ҷои нармаш доштааст, ки ин дар фарҳанги мардуми мусалмон, аз ҷумла тоҷикҳо, ҳамчун таҳқир қабул мешавад.

Сайёра дар пайи ин ошпазро дашномборон кардааст, ӯ ҳам бо лаҳни бад ҷавоб додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Нугзар сари қаҳр берун рафт, ки сигор бикашад, вале дар роҳ ба ёдаш расид, ки сигорашро бо худ нагирифтааст. Ӯ боз ба ошпазхона баргашт ва ҳарчанд ҳамкорон аз вай хостанд, ки то ором шудани Сайёра ба онҷо надарояд, вай даромад ва ҷанҷоли онҳо аз нав аланга гирифт ва ин дафъа ба мӯкашию латтукӯб печид.

Дар сабти видеокамераҳои назоратии дар қисмати ошпазии қаҳвахонаи “Хинкальная Тбилисо” насбшуда, ки порае аз ин сабтро канали “112” дарёфт ва нашр кардааст, дида мешавад, ки як мард ба як зан ҳамла оварда, ӯро аз мӯйҳояш мекашад ва латтукӯб мекунад. Зан аз худ дифоъ карданӣ шуда, кордеро, ки ба дасташ афтод, ба даст гирифта, чанд бор ба бадани он мард мезанад. Коргарони дигари қаҳвахона талош мекунанд, то ин ду нафарро аз ҳам ҷудо кунанд, вале баъди лаҳзае марди захмӣ ба рӯи фарш меафтад ва аз ҳуш меравад.

Баъди ин аз ошпазхона фарёд мекашанд, ки “Ёрии таъҷилӣ”ро даъват кунед. Сайёра бошад зуд либосашро пӯшида, қаҳвахонаро тарк кардааст.

Вақте “Ёрии таъҷилӣ” ба ҷои ҳодиса расид, Нугзар беҳуш дар рӯи фарш хобида буд. Вале талоши наҷоти ӯ натиҷа надод: у ба ҳуш наомада, ҷон бохт. Табибон дар бадани ӯ чанд захми кордро пайдо кардаанд. Азбаски шоҳидон зиёд буданд ва сабти видеокамераи назоратӣ низ ҷараёни ҳодисаро сабт карда буд, кормандони пулис  шахсияти қотилро зуд муайян карданд ва алакай баъди ягон соат Сайёра Дӯсаеваро дар ҳамон Митиши, дар назди даромадгоҳи хонае, ки иҷора менишаст, дастгир карданд.

Ёвари раҳбари раёсати тафтишоти вилояти Маскав Анна Тертичная хабар дод, ки дар робита ба ин куштор парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, гумонбаршаванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Бисёриҳо баъди фаҳмидани тафсилоти ин куштор аз мақомоти Тоҷикистон, бавижа аз сафорати ин кишвар дар Маскав хостаанд, ки Сайёра Дӯсаеваро дар ин қазия беҳимоят нагузоранд. Ба ақидаи бисёриҳо, ин зан ба хотири ҳимоят аз номусаш  аз тааррузи ошпазе, ки фикр кардааст, бо ин муҳоҷирзани беҳуқуқ ҳар коре ки хоҳад, мекунад, даст ба куштор задаааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button