ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

49 МУҲОҶИРИ ТОҶИКИ ДАР РОҲИ САФАР БА РУСИЯ ДАРМОНДАРО АЗ САРДӢ НАҶОТ ДОДАНД (ВИДЕО)

Шаби 9 январи соли 2023 дар ҳудуди вилояти Оқмолаи Қазоқистон як автобус бо 49 мусофир аз Тоҷикистон, бо шумули 6 кӯдак, ба далели сардӣ дар роҳ дармондааст.

Хадамоти матбуоти департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола бо нашри як видео дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод, ки  “шаби 9 январ ба сабаби сардии сахт дар километри 251-уми роҳи Остона – Петропавловск як автобуси мусофирбар, ки бо сӯзишвории дизелӣ кор мекард,  дар роҳ дармонд. Наҷотбахшон ҳамроҳ бо пулиси маҳаллӣ аз ин автобус 49 нафар, аҳ ҷумла 6 кӯдакро наҷот доданд”.

Ба гуфтаи мақомот, ҳамаи наҷотёфтагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Онҳоро дар як нуқтаи гармӣ дар масҷиди ҷомеи Шучинск ҷой карда, барояшон хӯроки гарм тайёр кардаанд.

Яке аз муҳоҷирони тоҷик дар видеои нашршуда бо изҳори сипос ба мақомот ва мардуми Қазоқистон гуфт: “Мо аз Тоҷикистон ба Русия сафар доштем. Дар ҳавои – 40 дараҷа сард автобуси мо дар роҳ дармонд. Ташаккур ба департаменти ҳолатҳои фавқулодда ва ба мардуми Қазоқистон, ки моро ба ин ҷои гарм оварда, нисбат ба мо чунин ғамхорӣ зоҳир карданд. Мо хеле сипосгузорем аз Қазоқистон барои он, ки моро дар ин ҳавои сард танҳо нагузоштанд ва ба ин макони гарм оварда, шикамамонро ҳам сер карданд”.

Департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола аз сокинон ва меҳмонони ин минтақа хостааст, ки дар ин рӯзҳои сард бидуни зарурати оҷил ба роҳ набароянд. Дар Қазоқистон низ имрӯзҳо ҳавои хеле сард ҳукмфармост.

Мутаассифона, нархи баланди парвозҳо бо ҳавопаймоҳо ҳазорон нафар аз муҳоҷирони тоҷикро маҷбур мекунад, ки барои сафар ба Русия ваё барои бозгашт аз Русия ба Ватан роҳи заминӣ, аз ҷумла сафар бо автобусро интихоб кунанд. Сафар бо автобус барои онҳо арзонтар тамом мешавад, вале машаққати зиёд ва хатарҳои ҷиддиеро низ ба ҳамроҳ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button