ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЗАНИ ТОҶИК БАРОИ ҲИМОЯТ АЗ НОМУСАШ ОШПАЗИ ГУРҶИРО КУШТААСТ (ВИДЕО)

Нашрияи “МК”, чопи Маскав бархе тафсилоти куштори пурсарусадои рӯзи 4 январи соли 2023 дар қаҳвахонаи таомҳои гурҷӣ бо номи “Хинкальная Тбилисо” дар шаҳри Митишии вилояти Маскавро нашр кард. Бо иттиҳоми қатли ошпази гурҷӣ дар ин қаҳвахона Сайёра Дӯсаева, як ҷавонзани тоҷики 36-сола боздошт шудааст.

Бино ба иттилои дарёфтии “МК”, фоҷиа рӯзи 4 январ, соати 16, вақте рух дод, ки дар толори қаҳвахона ҳамагӣ як муштарӣ хӯрок мехӯрд. Ошпази  50-солаи гурҷӣ Нугзар (номаш иваз карда шудааст) дар ошпазхона қарор дошт.  Ӯ аз замони оғози кори “Тбилисо” дар тирамоҳи соли 2022 дар инҷо кор мекард. Ҷавонзани тоҷик, ки 3 ило 4 ҳафта боз дар инҷо барои шустани зарфҳо ба кор гирифта шуда буд, низ он лаҳза дар ошпазхона буд.

Ба гуфтаи ҳамкоронаш, Сайёра модари танҳо буда, баъди фавти шавҳари аввалаш худаш ба танҳоӣ фарзанди ягонаашро тарбия мекард. Писари ӯ имсол ба синфи як рафта буд. Ба гуфтаи ҳамкорон, Сайёра як зани хуб буд ва қаблан ягон бор бо касе ҷанҷол накарда буд. Дар рӯзҳои Соли нав Сайёра бо ақди никоҳи мусалмонӣ шавҳари нав карда буд ва ҳамон рӯзи куштор ҳамкорон ӯро ба ин муносибат табрик кардаанд.

Муноқишаи байни Сайёра ва ошпаз, ба гуфтаи шоҳидон, аз як шӯхии ноҷои ошпаз нисбат ба зани тоҷик сар шуд. Ба болои ин, Нугзар бо дастонаш Сайёраро аз як ҷои нармаш доштааст, ки ин дар фарҳанги мардуми мусалмон, аз ҷумла тоҷикҳо, ҳамчун таҳқир қабул мешавад.

Сайёра дар пайи ин ошпазро дашномборон кардааст, ӯ ҳам бо лаҳни бад ҷавоб додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Нугзар сари қаҳр берун рафт, ки сигор бикашад, вале дар роҳ ба ёдаш расид, ки сигорашро бо худ нагирифтааст. Ӯ боз ба ошпазхона баргашт ва ҳарчанд ҳамкорон аз вай хостанд, ки то ором шудани Сайёра ба онҷо надарояд, вай даромад ва ҷанҷоли онҳо аз нав аланга гирифт ва ин дафъа ба мӯкашию латтукӯб печид.

Дар сабти видеокамераҳои назоратии дар қисмати ошпазии қаҳвахонаи “Хинкальная Тбилисо” насбшуда, ки порае аз ин сабтро канали “112” дарёфт ва нашр кардааст, дида мешавад, ки як мард ба як зан ҳамла оварда, ӯро аз мӯйҳояш мекашад ва латтукӯб мекунад. Зан аз худ дифоъ карданӣ шуда, кордеро, ки ба дасташ афтод, ба даст гирифта, чанд бор ба бадани он мард мезанад. Коргарони дигари қаҳвахона талош мекунанд, то ин ду нафарро аз ҳам ҷудо кунанд, вале баъди лаҳзае марди захмӣ ба рӯи фарш меафтад ва аз ҳуш меравад.

Баъди ин аз ошпазхона фарёд мекашанд, ки “Ёрии таъҷилӣ”ро даъват кунед. Сайёра бошад зуд либосашро пӯшида, қаҳвахонаро тарк кардааст.

Вақте “Ёрии таъҷилӣ” ба ҷои ҳодиса расид, Нугзар беҳуш дар рӯи фарш хобида буд. Вале талоши наҷоти ӯ натиҷа надод: у ба ҳуш наомада, ҷон бохт. Табибон дар бадани ӯ чанд захми кордро пайдо кардаанд. Азбаски шоҳидон зиёд буданд ва сабти видеокамераи назоратӣ низ ҷараёни ҳодисаро сабт карда буд, кормандони пулис  шахсияти қотилро зуд муайян карданд ва алакай баъди ягон соат Сайёра Дӯсаеваро дар ҳамон Митиши, дар назди даромадгоҳи хонае, ки иҷора менишаст, дастгир карданд.

Ёвари раҳбари раёсати тафтишоти вилояти Маскав Анна Тертичная хабар дод, ки дар робита ба ин куштор парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, гумонбаршаванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Бисёриҳо баъди фаҳмидани тафсилоти ин куштор аз мақомоти Тоҷикистон, бавижа аз сафорати ин кишвар дар Маскав хостаанд, ки Сайёра Дӯсаеваро дар ин қазия беҳимоят нагузоранд. Ба ақидаи бисёриҳо, ин зан ба хотири ҳимоят аз номусаш  аз тааррузи ошпазе, ки фикр кардааст, бо ин муҳоҷирзани беҳуқуқ ҳар коре ки хоҳад, мекунад, даст ба куштор задаааст.

Дар рӯзҳои охир алакай ду зани тоҷик танҳо дар вилояти Маскави Русия бо ҷурми одамкушӣ дастгир шуданд.

Дар арафаи Соли нав як зани 35-солаи шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав бо гумони куштори зани 28-сола аз Қирғизистон боздошт шуд. Ин зани тоҷик бо ҷабрдида ҳарду дар як манзил дар шаҳраки Володарский дар наздикии Маскав иҷора менишастанд.

Бино ба гузоришҳо, рӯзи 29 декабр байни ин ду зани ҳамхона ва дугона ба сабабҳои ҳанӯз номаълум муноқиша сар задааст ва дар ҷараёни ин ҷанҷол зани тоҷик ба қафаси синаи зани қирғиз на камтар аз як зарбаи корд задааст. Шаҳрванди Қирғизистон бар асари ҷароҳати бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Кормандони пулис баробари ба ҷои ҳодиса омадан зани тоҷикро ҳамчун гумонбар дастгир кардаанд. Аз зани кушташудаи қирғиз ду тифли хурдсол ятим мондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button